Тирандоз Бежан Файзуллоев аввалин нафаре шуд, ки аз Тоҷикистон ҳаққи иштирок дар III Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос Айреси Аргентинаро ба даст овард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон, ӯ дар Бозиҳои олимпии наврасон дар қувваозмоии тирандозӣ аз таппонча дар масофаи 10 метр миёни мардон иштирок мекунад.

Тибқи маълумоти дафтари матбуоти Кумита, Бежан Файзуллоев ба роҳхат ба ин Бозиҳо ба туфайли иштирокаш дар Чемпионати Осиё миёни наврасон моҳи декабри соли гузашта дар ВАКО (Ҷопон) соҳиб шудааст.

Гуфта мешавад, Бозиҳои III олимпии наврасон аз 6 то 18 октябри соли равон дар шаҳри Буэнос Айреси Ҷумҳурии Аргентина баргузор мегардад. Дар ин чорабинии варзишӣ ҳудуди 4000 варзишгари наврас аз 206 давлати ҷаҳон аз рӯи 32 намуди варзиш (241 қувваозмоӣ) барои ҷоизаҳо талош мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.