Гуштигири тоҷик дар навъи дзюдо Темур Раҳимов дар мусобиқаи кураш барои дарёфти ҷоизаҳои президенти Ӯзбекистон ба медали биринҷӣ соҳиб шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон, зинаи аввал бо 50 ҳазор доллар мукофотпулӣ насиби намояндаи Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев шуд. Зинаи дуюмро ҳам бо 25 ҳазор доллар мукофотпулӣ врзишгари дигар ӯзбек Бекмурод Олтибоев ишғол намуд.

Ба дорандагони медалҳои нуқраи мусобиқа – Аслан Камбиев аз Русия ва намояндаи Тоҷикистон Темур Раҳимов ба ҳар кадоме 10 ҳазор доллар мукофҷтпулӣ тақдим шуд. Варзишгароне, ки зинаҳои аз 5 то 8-умро касб карданд, 1250 долларӣ мукофотпулӣ дода шуд.

Темур Раҳимов ғолиби мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё дар Ӯзбекистон (соли 2017) дар вазни 100 кило, дорандаи медали биринҷии мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон оид ба дзюдо (соли 2017) дар Хорватия мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.