Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон аз 20 то 27 сентябр баргузор мегардад, Тоҷикистонро даҳ нафар намояндагӣ мекунанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон Суҳроб Боқиев (вазни то 60 кг), Ёқубҷон Боқиев (то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков (то 73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншо Устопириён (то 90 кг), Саидҷалол Саидов (то 100 кг), Шакармамад Мирмамадов  ва  Темур Раҳимов (зиёда аз 100 кг) ва Шоҳида Қаландарова ( то 57 кг. байни занон) иштирок мекунанд.

“Дар чемпионати ҷаҳон варзишгарон баландтарин холҳои олимпиро сазовор мешаванд. Ғолибони чемпионат соҳиби 2000 хол, ҷои дуюм 1400 хол ва ҷои сеюм соҳиби 1000 хол мегарданд”, - омадааст дар хабари Кумита.

Қайд мешавад, ки Фонди ҷоизавии Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо 800 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар баробари медали тилло 26 ҳазор евро (3000 евро ба мураббӣ) ба даст меоранд. Барои ҷои дуюм 15 ҳазор евро (2500 евро ба мураббӣ) ва барои ҷои сеюм 8 ҳазор евро (1600 евро ба мураббӣ) пешбинӣ гардидааст.

Ёдрас мешавад, ки Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни калонсолон ҳамагӣ як медал дорад. Ягона медали биринҷиро ҷоизадори Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон-2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразил дар вазни -73 кило ба хазинаи варзишии кишвар ворид кардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.