Собиқ мураббии дарвозабонҳои дастаи футболи КМВА “Помир” Файз Давлатов дар тими футболи суперлигаи кишвари Уммон “Маҷис” ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Мураббӣ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин робита хабар додааст, ки ба дастаи “Маҷис”-и Уммон ӯро бо тавсияи мутахассиси эронӣ Амин Субҳонӣ даъвт кардаанд. Амин Субҳонӣ қаблан якуним сол дар дастаи КМВА “Помир” ба ҳайси сармураббӣ фаъолият намуда буд.

Пас аз шикасти навбатӣ дар бозии даври чоруми мусобиқаи суперлигаи Уммон сармураббии “Маҷис”, мутахассиси мисрӣ ба истеъфо фиристода шуд. Амин Субҳонӣ иҷрокунандаи вазифаи сармурабби ин даст таъин шуд. Рӯзи 19 сентябр “Маҷис” дар доираи бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми Уммон бо ҳисоби 1 бар 0 бар дастаи “Ал-Наҳда” дастболо шуда, ба даври 1/16 финалӣ роҳ ёфт.

Дар лигаи касбии футболи Уммон иборат аз 14 даста тими Файз Давлатов айни замон бо касби 1 имтиёз аз 4 бозӣ зинаи 13-умро ишғол мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.