Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия бар тими Кореяи Ҷанубӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 7-6 (ҳисоби замони асосӣ -1-1) пирӯз шуд ва ба финал баромад. Ин бозӣ шаби панҷшанбе, 4-уми октябр, дар варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»-и шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд.

ФФТ

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ғолибро силсилаи пеналтӣ маълум кард. Дар задани зарбаҳои ёздаҳметрӣ футболбозони навраси тоҷик маҳорати баланд зоҳир карда, бо ҳисоби 7-6 пирӯз шуданд. Зарбаи ҳафтуми бозигари кореягиҳо Сон Ҳонг Ҷуро дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Муҳриддин Ҳасанов баргардонд.

ФФТ

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ, ки 4-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил барпо гардид, мунтахаби Ҷопон тими Австралияро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ба ин тартиб, дар финал Тоҷикистон бо Ҷопон 7-уми октябр барои унвони қаҳрамони Осиё миёни наврасон рақобат мекунанд.

Сармураббии даста Зайниддин Раҳимов изҳор доштааст, ки ҳамчун туҳфа ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида мешавад, ки имрӯз, 5 октябр зодрӯзашро ҷашн мегирад.

ФФТ

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.