Мусобиқаи 6-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон, ки 2 октябр шурӯъ гардида буд, рӯзи  5 октябр бо баргузории вохӯриҳои финалӣ анҷом ёфт.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ТОҷикистон, дар мусобиқа 248 варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон аз рӯи 7 категорияи вазнӣ барои ҷоизаҳо талош карданд.

Гуфта мешавад, ба ғолибон медал, диплом, ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ҷоми мусобиқа тақдим карда шуд. Барои ҷои дуюм медал, диплом ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм медал, диплом ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ тақдим гардид.

Ғолибони VI мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон:

Вазни -60кг:  Достон Рӯзиев (Ӯзбекистон), Фаррух Ҳалимов (Тоҷикистон), Аъзамҷон Аъзамҷонов (Тоҷикистон) ва Асрор Очилов (Ӯзбекистон).

Вазни -66кг: Абдуҷалил Юсупов (Узбекистон), Ёқубҷон Боқиев (Тоҷикистон), Нуроншо Бодомаев (Тоҷикистон) ва Муҳриддин Тилавов (Ӯзбекистон).

Вазни -73кг: Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон), Саидмухтор Расулов (Тоҷикистон),  Муҳаммадраҳим Сарахонов (Тоҷикистон) ва Мирзоҷамил Рамазонов (Тоҷикистон).

Вазни -81кг: Ҷаҳонгир Маҷидов (Тоҷикистон), Суҳроб Турсунов (Ӯзбекистон), Акмал Муродов (Тоҷикистон) ва Исроил Раҳимов (Тоҷикистон).

Вазни -90кг: Достон Мелиев (Ӯзбекистон), Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон),  Шерафган Сардоров (Тоҷикистон) ва  Олим Авазов (Тоҷикистон).

Вазни -100кг: Саидҷалол Саидов (Тоҷикистон), Сергей Пак (Қазоқистон), Фарёд Шайхов (Тоҷикистон) ва Ғазалшои Давлатшо (Тоҷикистон).

Вазни +100кг: Темур Раҳимов (Тоҷикистон), Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон), Самеъ Авғонов (Тоҷикистон) ва Бекбулат Токтоганов (Қирғизистон).

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.