Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16), ки дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия ба гирифтани медалҳои нуқра ноил гардид, пагоҳ, 10 октябр ба ватан бармегардад. Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ шахсан ба фурудгоҳ ба пешвози онҳо мебарояд.

Рӯзи 9 октябр ҳайати даста аз Куала-Лумпур ба Алмаато парвоз карда, рӯзи 10 октябр бо хатсайри ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба Душанбе меояд. Вақти тахминии ба Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе расидани онҳо соати 12:30 дақиқа аст.

“Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи мухлисони футбол ва намояндагони ВАО-ро ба фурудгоҳи Душанбе даъват мекунад, то ки футболбозони наврасро гарму самимӣ пешвоз гирем. Онҳо ба миллионҳо сокинони Тоҷикистон эҳсосоти хеле хушу гуворо ҳадя карданд. Ҳамчунин ба иштирок дар чорабинии идона дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ низ даъват мекунем”, - хабар медиҳад Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, баъди анҷоми пешвозгирӣ дар фурудгоҳ дастаи мунтахаби наврасон барои гузоштани гулчанбар ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба майдони Дӯстӣ меояд.

Гуфта мешавад, дар идомаи чорабиниҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе консерти идона бо иштироки сарояндагони машҳури кишвар ва беш аз 15 000 тамошобин бо ҳузури футболбозони наврас сурат мегирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.