Баъди анҷоми бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои “Регар-ТадАз”-и шаҳри Турсунзода ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар майдон байни футболбозони ҳарду даста ҷанчолу занозании дастаҷамъона рух дод.

Кумитаи назорати интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ин ҳодисаро мавриди баррасӣ қарор дода, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ” Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро аз иштирок бо даста дар 10 бозӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 2,5 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, нисбати футболбозони дастаи “Регар-ТадАЗ” Фирӯз Раҳматов, Саидамири Саидаҳмад ва Наврӯз Рустамов, ҳамчунин бозигари дастаи “Хуҷанд” Манучеҳр Аҳмедов низ чораҳои маҳрумият аз иштирок дар бозиҳо ва ҷарима андешида шудааст.

Ҳасан Рустамов зарба мезанад
Акс аз сомонаи fc-khujand.tj

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17 октябр дар бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ бар дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб омад. Бозии ҷавобӣ рӯзи 21 октябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Ба гуфтаи шоҳидон, баъди анҷоми бозӣ, вақте ки мухлисон варзишгоҳро тарк мекарданд, як гурӯҳ футболбозони дастаи “Регар” бо сарварии сармураббӣ Ҳабибуллоев ба майдон даромада, ба лату кӯби футболбозони дастаи меҳмон оғоз мекунанд.

Дар натиҷа Манучеҳр Аҳмедов, Фарҳод Тоҳиров ва дарвозабони хуҷандиҳо, легионер Алексей Матросов, ки аз Эстония омадааст, осеб мебинанд.

“Вақте ки Матросов ба замин афтод, ӯро лагадкӯб карданд. Аз эҳтимол дур нест, ки майнаи сари ӯ зарб хӯрда бошад”, - хабар медиҳанд мухлисон.

Алексей Матросов, футболбоз аз Эстония имсол тибқи қарордод дар дастаи "Хуҷанд" бозӣ мекунад
Акс аз сомонаи fc-khujand.tj

Лекин мухлисони дастаи “Регар-ТадАЗ” дар навбати худ изҳор медоранд, ки меҳмонон бо таҳқирҳояшон сармураббии соҳибони майдонро ба қонуншиканӣ водор намудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.