Дар даври дуюми бозиҳои марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпии-2020 дар гурӯҳи «А» мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон аз дастаи Тайбейи Чин бо ҳисоби 0 бар 9 шикаст хӯрд. Бозии дигар байни дастаҳои Муғулистон ва Сингапур мусовӣ – 2 бар 2 анҷом ёфт.

Дар бозии  аввал бонувони футболбози тоҷик дастаи  мунтахаби  бонувони  Муғулистонро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуданд.

Пас аз ду давр мунтахабҳои Тайбэйи Чин, Филиппин ва Тоҷикистон се имтиёзӣ доранд. Дастаҳои Муғулистон ва Сингапур як имтиёзӣ касб карданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бозиҳои даври сеюм рӯзи панҷшанбе, 8 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегардад. Соати 13:00 вохӯрии дастаҳои Тайбэйи Чин ва Муғулистон ва соати 16:00 бозии тимҳои Филиппин ва Тоҷикистон оғоз мегардад.

1/7

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои даври аввали интихобӣ ғолибони гурӯҳҳо ва дастаҳои зинаи дуюмро ишғолкарда ҳамроҳ бо ду дастаҳои беҳтарини мақоми сеюм (ҳамагӣ 10 даста) ба даври дуюм роҳ меёбанд. Тимҳои Ӯзбекистон ва Ветнам ба таври автоматӣ ба ин давр роҳхат гирифтаанд.

Даври дуюми марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпии-2020, ки дар он 12 даста ба се гурӯҳ тақсим мешаванд, аз 1 то 9 апрели соли оянда баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.