Мунтахабҳои олимпии футболи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар даври интихобии мусобиқаи Чемпионати Осиё-2020 дар яе гурӯҳ қарор гирифтанд. Мусобиқаи даври интихобӣ аз 22 то 26 марти соли оянда дар Тошканд баргузор мешавад.

Маросими қуръакашии мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футбол байни ҷавонони синни то 23-сола дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур доир гардид. Чемпионати Осиё-2020 байни ҷавонон дар Таиланд баргузор мегардад.

Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон рақобат мекунад, хабар дода мешавад дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, аз 44 дастаи мунтахаб ҳамагӣ 11 гурӯҳ ташкил шудааст. Мусобиқаи даври интихобӣ аз 22 то 26 марти соли оянда доир мегардад. Ғолибони гурӯҳҳо ва чор дастаи беҳтарини зинаи дуюми гурӯҳҳо ба даври финалӣ роҳ меёбанд. Мунтахаби Таиланд ба сифати мизбони мусобиқа сарфи назар аз натиҷаи даври интихобӣ дар мусобиқа иштирок хоҳад кард.


Се дастаи беҳтарини мусобиқаи Чемпионат Осиё-2020 оид ба футбол байни ҷавонон ба Бозиҳои олимпии-2020 дар Токио роҳхат мегиранд.

Қобили зикр аст, ки ғолиби амалкунандаи Чемпионати Осиё мунтахаби Ӯзбекистон мебошад, ки дар бозии финалии Чемпионати Осиё-2018 моҳи феврал дар Чин бар ҳамсолони худ аз Ветнам бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.