Таҳти раёсати Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон, раиси Комиссияи Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур баргузор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар кори ҷаласа аъзои комиссия, аз ҷумла намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, федератсияҳои варзишӣ ва роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, дар рӯзнома як масъала – муҳокимаи номзадҳои пешниҳодшуда барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2018 пешбинӣ шуда, аз ҷониби аъзои комиссия мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Комиссияи Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо қарори худ 74 нафар варзишгаронро, ки соли 2018 дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро боло бардошта, сазовори ҷойҳои намоён шудаанд, барои гирифтани ҷоизаи зикршуда дар соли равон пешниҳод намуд.

Хотиррасон мешавад, ки бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии варзишгарон бо иқдоми Сарвари давлат аз 9 январи соли 2015 Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ба имзо расида, соли 2016  бисту як нафар ва соли 2017  бисту шаш нафар  варзишгарон  соҳиби ин ҷоиза гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷоизаи мазкур ҳамасола ба варзишгарони беҳтарин супорида мешавад ва ҳаҷми маблағи он вобаста ба натиҷаи бадастоварда ва намуди варзиш аз 15 ҳазор то 300 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Соли гузашта гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров барои дарёфти медали тиллои мусобиқаи Чемпионати Осиё (июли соли 2017) соҳиби ин ҷоиза гардида, бо 75 ҳазор сомонӣ (15 ҳазор – ба мураббии варзишгар) мукофотонида шуд.

Комроншоҳи Устопириён низ барои медали тиллои мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Чин бо 75 ҳазор сомонӣ (15 ҳазор сомонӣ - ба мураббӣ) маблағи ин ҷоиза сарфароз гардонида шуд.

Барои медали биринҷии мусобиқаи Чемпионати Осиё, ки моҳи майи соли 2017 дар Ҳиндустон баргузор шуд, ба Бахтовар Ҳасанов 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ – ба мураббӣ) маблағи ин ҷоиза тақдим шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.