Роҳбарони федератсияҳои ва мураббиён дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷамъ омаданд, то барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ нақшаи ягона омода кунанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, ҷаласа зери роҳбарии муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров, котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллозода доир гашт.

Гуфта мешавад, директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ Эркин Латипов ба роҳбарони федератсияҳо лоиҳаи нақшаи тақвимии сеҷонибаро пешниҳод карда, маълумот дод, ки он бо супориши роҳбарияти Кумитаи миллии олимпӣ омода гардида, маблағгузории иштироки дастаҳои мунтахаби кишварро дар мусобиқаҳои интихобӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 пешбинӣ менамояд.

Дар тартиб додани нақша имкониятҳои молии се ҷониб – Кумитаи миллии олимпӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва федератсияи варзишӣ ба инобат гирифта мешавад ва дар асоси он варзишгарон дар мусобиқаҳо ширкат менамоянд.

Қайд гардид, ки мусобиқаҳои интихобӣ аз рӯи баъзе намудҳои варзиш алакай оғоз гардиданд. Мусобиқаҳои интихобӣ аз рӯи аксари намудҳо соли оянда ба нақша гирифта шудааст. Аз ин рӯ варзишгарони мо бояд ба мусобиқаҳо ҷиддӣ омодагӣ бубинанд ва барои дарёфти роҳхат талош кунанд.

Дар ҷаласа аз истифодаи доруҳои мамнуъ (допинг) дар варзиш аз ҷониби варзишгарони тоҷик изҳори нигаронӣ карда шуд. Зикр гардид, ки таи ду соли охир аллакай 5 варзишгари мо барои истифодаи доруҳои мамнуъ муттаҳам шуданд.

Дар ин масъала мураббиён бояд бо варзишгарон кор баранд, бо рӯйхати доруҳои мамнуъ, ки дар сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ дастрас аст, шинос шаванд. Истифодаи доруҳои мамнуъ на танҳо бар зарари варзишгар аст, балки боиси коста шудани обрӯи давлат дар арасаи ҷаҳон мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.