Гуштигири тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи ситораҳои дзюдо (Guangzhou Masters 2018), ки 15-16 декабр дар шаҳри Гуанжоуи Чин баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Комроншоҳи Устопириён ягона варзишгарест, ки аз ҷумҳурии мо барои ширкат дар ин мусобиқа даъват шудааст.

Гуфта мешавад, тибқи низомнома дар “Guangzhou Masters 2018” 16 нафари беҳтарин дар ҳар категорияи вазнӣ аз рӯи раддабандии ҷаҳонӣ иштирок мекунанд. Комроншоҳ Устопириён ягона варзишгари Тоҷикистон аст, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ мавқеи беҳтар дорад. Ӯ феълан бо 3446 хол ҷои 9-уми категорияи вазнии -90кг-ро ишғол кардааст.

Дар мусобиқаи ситораҳои дзюдо иштироки 534 варзишгар (119 мард, 115 зан) аз 53 кишвари дунё дар назар аст. Мусобиқа баъд аз чемпионати ҷаҳон бонуфузтарин чорабинии Федератсияи байналмилалии дзюдо мебошад.

Варзишгарон дар мусобиқа соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд. Бино ба маълумоти IJF.org, ғолибони ин мусобиқа - соҳиби 1800 хол, дорандагони медалҳои нуқра – 1260 ва биринҷӣ – 900 хол мешаванд. Ғайр аз ин, ба ҷуз мақомҳои ҷоизавӣ, барои ҳар як ғалаба дар қувваозмоӣ 200 хол дода мешавад.

Барои соҳибони се зинаи аввали мусобиқа мукофотпулӣ низ пешбинӣ шудааст. Барои ғолиб – 9 ҳазор доллар, барои ҷои дуюм – 6 ҳазор доллар ва барои ду ҷои сеюм - 3 ҳазордолларӣ ҷоизапулӣ пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.