Дар Душанбе сохтмони маҷмаа бо варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст ҷараён дорад, ки бузургтарин майдони футбол дар кишвар хоҳад шуд.

Майдони фарогири иншоот 9 гектарро ташкил дода, дар он толорҳои варзишӣ, минтақаҳои истироҳату фароғат ва таваққуфгоҳ барои 1200 адад автомашина сохта мешавад.

Арзиши умумии лоиҳа 40 млн. сомониро ташкил дода, он дар остонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Дар назар аст, ки чорабиниҳои асосии ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолият маҳз дар ҳамин варзишгоҳи нав баргузор мешаванд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.