Дар фурудгоҳи пойтахт футболбозони мунтахаби наврасони Тоҷикистонро сокинони шаҳр ва шахсони расмӣ, намояндагони Федератсияи футболи ҷумҳурӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумат самимона пешвоз гирифтанд.

“Дар толор барои пешвози шахсони воломақом (VIP-толор) онҳоро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абуллозода, ноиби президенти Федератсияи футболи кишвар Алишер Урӯнов ва котиби генералии Федератсия Давлатманд Исломов табрику шодбош гуфтанд”, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти Федератсияи футбол.

Сокинони пойтахт футболбозони наврасро бо шиору парчамҳо ва рақсу суруд зери навои карнайу сурнай истиқбол карданд.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020  аз 14 то 22 сентябр дар Урдун баргузор шуд. Футболбозони мо 4 вохӯрӣ гузарониданд ва дар ҳамаи бозиҳо бо ҳисоби калон ғолиб гардида, 12 имтиёзи имконпазир ба даст оварданд.

Ба даври финалии Чемпионати Осиё, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли 2020 дар Баҳрайн доир мегардад, ғолибони 11 гурӯҳ - Тоҷикистон, Ҳиндустон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Австралия, Кореяи Шимолӣ, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ роҳхат гирифтанд.

Чор дастаи зинаи дуюм бо натиҷаҳои беҳтарин байни гурӯҳҳо - Яман, Индонезия, Ӯзбекистон ва Уммон низ роҳхати Чемпионати Осиёро ба даст оварданд.

1/18

Ёдрас мекунем, ки мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон бори чорум ба даври финалии Чемпионати Осиё роҳхат гирифт. Дастаи наврасони кишвар солҳои 2006, 2010 ва 2018 дар ин мусобиқот ширкат варзиданд. Натиҷаи беҳтарини онҳо медали нуқраи соли 2018 дар Малайзия аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.