Ширкати «Formula 55» дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон, ба пеш!» пешниҳоди маълумот дар бораи ҳаёту рӯзгори варзишгарони маъруфи тоҷик ва дастовардҳои онҳо идома медиҳад.

Имрӯз навори видеои аз ҷониби ширкати «Formula 55» таҳияшударо дар қаҳрамони чандин мусобиқоти сатҳи ҷаҳонии риштаи ҷудо, ҳамватани маъруфамон Комроншоҳи Устопириён манзуратон мегардонем.

Дар ин навор Комроншоҳ дар бораи машқҳо, нақшаҳои ояндааш, мураббиён ва писараш, ки пешаи падарро интихоб кардааст ва дигар паҳлуҳои ҳаёту рӯзгораш нақл мекунад.

Наворро тамошо карда, ба дӯстонатон фиристед. Қаҳрамононро бояд ҳама шиносанд!

Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон ба пеш!» ширкати «Formula 55» ба варзишгарон барои омодагӣ ва иштирок дар мусобиқаҳо аз лиҳози молиявӣ кумак мерасонад.

Ширкати “Formula 55” доимо фаъолона рӯйдодҳои варзишии гуногун ва варзишгаронро дар саросари ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди он дастгирӣ мекунад.