Ҷудокори тоҷик Акмал Муродов дар вазни дараҷаи то 81 кг дар қувваозмоии марҳилаи 1\32 финалӣ шикаст хӯрд.

Дар рақобати якум Акмал бар ҷудокор аз Гуам Ҷоштер Эндрю дастболо шуда, лекин дар даври 1\32 финалӣ қувваозмоиро ба гӯштингии гурҷӣ Тато Григалашвили бохт.

Қаблан Сомон Маҳмадбеков дар вазни дараҷаи то 73 кг пас аз ду пирӯзӣ дар даври 1\8 финалӣ аз варзишгари озарбойҷонӣ Рустам Оруҷев шикаст хӯрда буд.

Ба ин тариқ, то ин дам се варзишгари мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз ҳаққи идомаи мусобиқаҳо маҳрум шуданд.

28 июл Комроншоҳи Устопириён (90 кг) дар даври 1\32 финалӣ бо намояндаи Фаронса Аксел Клерже рақобат мекунад.

30 июл Темур Раҳимов ((+100 кг) дар марҳилаи 1\32 финалӣ бо гӯштингири Куба Анди Гранда қувваозмоӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.