Паҳлавони маъруфи тоҷик, ҷудокор Комроншоҳи Устопириён барои бохташ дар Олимпиадаи Токио аз мухлисон ва мардуми Тоҷикистон маъзарат хост.

“Дар Бозиҳои олимпӣ мағлуб шудам. Аз тамоми мардуми азизам узр мехохам, ки натавонистам ҳунари худро нишон диҳам”, - гуфта мешавад дар муроҷиати дар аккаунти Instagram нашршудаи варзишгар.

Дар шарҳ ба ин навиштаи варзишгар корбар @parviz.norov.9 зикр кардааст, ки қабл аз сафар ба Токио Комроншоҳ 20 рӯз аз коронаи дунёгир табобат гирифт, 10 рӯз дар беморхона бистарӣ буд.

Ин корбар чунин мешуморад, ки дар набардаш шояд қувваи гирифтаи ин беморӣ эҳсос гардид.

Ба сурати умум, дар шарҳҳо аз варзишгар дастгирӣ ва даъват мешавад, ки ба рӯҳафтодагӣ наафтад. Инчунин дар фаъолияти минбаъдаи ҷудокор комёбиҳо орзу шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Комроншоҳи Устопириён рӯзи 28 июл дар вазни дараҷаи то 90 кг дар қувваозмоӣ бо ҷудокори фаронсавӣ Аксел Клерже шикаст хӯрд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.