Шоҳмотбози тоҷик Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев дар мусобиқаи байнулмилалии "Ташкент Open 2021" меъёри байнулмилалии гроссмейстери байнулмилалиро иҷро кард.

Дар ин мусобиқа Ҳусейнхоҷаев аз 9 холи имконпазир 6,5 хол ба даст оварда, зинаи сеюмро ишғол намуд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2002 ягона гроссмейстери байнулмилалӣ дар Тоҷикистон Фаррух Амонатов мебошад.

Пас аз ҷамъбасти натиҷаҳо дар Тошканд ба наздикӣ  Федератсияи байнулмилалии шоҳмот (ФИДЕ) ба Ҳусейнхоҷаев ин унвонро медиҳад.

Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев 2 июни соли 1987 дар шаҳри Исфара ба дунё омадааст.

Ӯ Тоҷикистонро дар чандин олимпиадаҳои шоҳмот дар солҳои 2006, 2012, 2014, 2016 ва 2018 намояндагӣ кардааст.

Ғайр аз ин, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ғолиби якчанд мусобиқаҳои бузурги байнулмилалӣ дар Осиёи Марказӣ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.