Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ муҳлати Ёддошти ҳусни тафоҳумро байни федератсияҳои миллӣ тамдид карданд. Зери Ёддошт дабири куллии ФФТ Давлатманд Исломов ва дабири кулии ФФАС Иброҳим Ал-Қосим имзо гузоштанд.

Дар маросими имзои Ёддошт Иброҳим Ал-Қосим изҳор намуд, ки футболи Тоҷикистон тайи солҳои ахир дар ҳоли рушди хуб қарор дорад ва Федератсияи футболи ин кишвар ба густариши ҳамкориҳо дар ин самт ҳавасманд аст, хабар медиҳад маркази матбуоти ФФТ.

Дар гуфтугӯи дабирони куллии Федератсияҳо роҳу воситаҳои тавсеъаи ҳамкорӣ баррасӣ шуда, инчунин дар бораи баргузории бозиҳои дӯстона байни мунтахабҳои синнусоли гуногуни кишварҳо тавофуқ ҳосил шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.