Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе шурӯъ аз имрӯз ба фурӯши билетҳои бозии даври 1/8 финалии Лигаи чемпионаҳои КФО оғоз кард. Дар ин вохӯрӣ футболбозони тоҷик дастаи қаҳрамони Эрон - “Персеполис”-ро дар майдони худ ба ҳузур мепазиранд.

Тавре ки хадамоти матбуоти “Истиқлол” хабар медиҳад, фурӯши билетҳо дар хазинаҳо (кассаҳо)-и Варзишгоҳи марказии пойтахт ва мағозаи расмии даста «Joma» бо суроғаи: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-85 ба роҳ монда шудааст.

Билетҳо ду навъанд: як билети дараҷаи аввал ба минбари асосии варзишгоҳ (қисматҳои 2 ва 3) 50 сомонӣ ва боқимонда билетҳои дараҷаи 2-юм ба се минбарҳо (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) - 20 сомонӣ нарх доранд.

Ёдрас мекунем, ки бозии 1/8 финалии Лигаи чемпионаҳои КФО-2021 байни тимҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) - “Персеполис” (Эрон) рӯзи 14 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад. Оғози бозӣ - соати 20:00.

Дафтари матбуоти “Истиқлол” аз ҳамаи мухлисон даъват кардааст, ки ба варзишгоҳ омада, қаҳрамони Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.