Дар доираи барномаи FIFA Women’s Football Campaign, ки ба рушду тарғиби футболи занона равона шудааст, Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон дар Бадахшон Фестивали футбол баргузор намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тотористон, ҳадафи аслии ин лоиҳа таблиғи футболи занона, тағйир додани тасаввурот дар бораи футболи занона дар кишвар, ташвиқи духтарон ҷиҳати машғул шудан ба футбол ва минбаъд тарк накардани он аст.

Маъмулан ҷашнвораи футбол дар Хоруғ дар шакли вазифагузорӣ дар бозӣ, ки бар унсурҳои асосии техникии футбол асос ёфта буданд, гузаронида мешавад.. Пас аз анҷоми фестивал ба кӯдакон тӯбҳо ва либоси варзишӣ тақдим карда шуданд.

1/25

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.