Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-Уқёнус дар миёни наврасон ва ҷавонон ба касби 8 медал: як тило, ду нуқра ва 5 биринҷӣ даст ёфтанд. Ин мусобиқот аз  2-юм то 5-уми декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор шуд.

Дар сабқатҳо миёни паҳлавонони наврас ҷудокорони тоҷик  се медал: як нуқраву ду биринҷӣ ба даст оварданд. Аз миёни паҳлавонони наврас Парвиз Абдураҳмонов дар вазни +90 кг медали нуқра, Суруш Эркаев дар вазни то 60 кило ва Муҳаммад Юсуфзода дар вазни то 66 кило медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд. 

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-Уқёнус байни наврасон дар ҳисоби умумидастаӣ бо як медали нуқра ду нишони биринҷӣ, инчунин бо ду мақоми панҷум ва ду мақоми ҳафтум дар байни 15 кишвари иштироккунандаи ин мусобиқа мақоми 6-умро соҳиб шуд.

Дар  сабқатҳои ҷавонони ин қаҳрамонӣ, ки рӯзҳои 4-5-уми декабр сурат гирифт паҳлавонони тоҷик панҷ медал ба даст оварданд. 

Финали вазни то 81 кг ин мусобиқот финали тоҷикӣ буд, зеро ду варзишкари тоҷик Шодмон Ризоев ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов ба даври ниҳоӣ расида буданд ва бо ҳам рақобат карданд, ки тилло насиби Ризоев шуду нуқра ба Абдуҷалилов расид. 

Шодмон Ризоев ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов медалҳои тиллову нуқраро касб карданд.

Паҳлавонони дигари тоҷик Абубакр Шеров дар вазни то 66 кило, Масъуди Аҳмадзод дар вазни то 73 кило ва Давлатҷон Назриев дар вазни беш аз 100 кило сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.

Тоҷикистон дар байни 17 кишвари ширкаткунандаи ин мусобиқа байни ҷавонон бо касби панҷ медал (як тилло, як нуқра ва се биринҷӣ) ва се мақоми панҷум дар зинаи панҷум қарор гирифт ва дар миёни наврасон бо як медали нуқра, ду нишони биринҷӣ ва ду мақоми панҷуму ду мақоми ҳафтум дар миёни 15 кишвар мақоми 6-умро соҳиб шуд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқаи наврасон 133 варзишгар (81 писар ва 52 духтар) аз 15 кишвар  ва дар мусобиқаи ҷавонон 126 варзишгар (82 писар ва 44 духтар) аз 17 кишвар ширкат доштанд

Тоҷикистонро дар сабқатҳои наврасон 7 нафар (6 писар ва як духтар) муаррифӣ намуданд: -50 кг - Ҷасур Лутфишоев, -60 кг - Сируш Эркаев, -66 кг - Муҳаммад Юсуфзода, -73 кг - Суннатулло Мӯсоев, -90 кг - Сомонӣ Кишваров, +9 0 кг - Парвиз Абдураҳмонов ва дар рақобатҳо миёни духтарон Меҳрона Маҳмадзода дар вазни -52 кг.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар миёни ҷавонон 9 варзишгар шомил буданд, ки дар сабқати мардон иштирок карданд: Хурсандқул Куганов, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -66 кг), Муҳаммадиқбол Тошов, Масъуди Аҳмадзод (ҳарду дар вазни -73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов, Шодмон Ризоев (ҳарду дар вазни -81 кг), Раҳматулло Мирзоев (-90 кг), Мансур Раҳмон (-100 кг), Давлатҷон Назриев (+100 кг).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.