Баҳодур Усмонов муштзан ва варзишгари пуровозаи кишвар дар 40-уми мусобиқаи байналмилалии бокс дар Финландия ба дарёфти медали тилло мушарраф шуд. Дар ин бораи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин мусобиқот рӯзҳои 7-10-уми апрел дар шаҳри Хелсинки бо бо ҳузури 100 варзишгар аз кишварҳои Финландия, Норвегия, Шведсия, Эстония, Англия, Уэлс, Шотландия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Маҷористон, Фаронса, Олмон, Булғористон ва Укроин баргузор шуд.
Баҳодур Усмонов дар вазни -63,5кг муҳорибаро аз чорякфинал оғоз кард. Варзишкори тоҷик бар намояндаи Арманистон Ҳамлет Мнатсаканян бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд. Дар нимфинал ҳарифаш аз Маҷористон Ричард Ковачро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод ва дар финал бар варзишгари шотландӣ Риси Лунч бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд медали тиллоро соҳиб шуд.
Мусобиқаи «GeeВee Boxing Tournament-2022» аз соли 1982 баргузор мешавад. Имсол муҳорибаҳо аз рӯи 4 вазн миёни бонувон ва 11 вазн миёни мардҳо сурат гирифтанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста