Дар доираи дастгирии бошгоҳҳои Лигаи олӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои дастаҳои асосӣ ва эҳтиётии бошгоҳҳои лигаи олии кишвар сару либоси варзишӣ ҳадя кард.

Тавре ки маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, дар сарулибос рангҳои анъанавии нишонҳои ҳар як даста ба назар гирифта шуданд.

Гуфта мешавад, маҷмӯаи ҳар як тим аз ду навъи либос барои дастаҳои асосӣ ва ҷавонон, инчунин намудҳои мухталифи танпӯшҳои варзишӣ, пироҳанҳои махсус барои тамрин, болопӯшҳо, пойафзол, сумкаҳои варзишӣ ва ғайра иборат аст.

1/7

Зикр мегардад, ки тамоми лавозимоти варзиширо ширкати испании «Joma» истеҳсол кардааст. Илова бар ин, ба ҳамаи бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон тӯбҳои истеҳсоли ширкати «Molten» тақдим карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.