Дар маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба гурӯҳи «I» шомил шуд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дастаҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур ҳарифони ҷавонони мо дар ин мусобиқот гаштанд.

Гуфта мешавад, бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «I» аз 14 то 18 сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд.

Зикр мегардад, ки ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола:

Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Чин, Мянмар, Малдив, Ӯзбекистон.

Гурӯҳи «В»: Қатар, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Непал, Бутан.

Гурӯҳи «C»: Ҷопон, Яман, Фаластин, Лаос (мизбон), Гуам.

Гурӯҳи «D»: Урдун (мизбон), Тайбейи Чин, Сурия, Туркманистон, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ.

Гурӯҳи «Е»: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Муғулистон (мизбон), Шри-Ланка.

Гурӯҳи «F»: Индонезия (мизбон), Ветнам, Ҳонконг, Тимори Шарқӣ.

Гурӯҳи «G»: Тайланд, Уммон (мизбон), Филиппин, Афғонистон.

Гурӯҳи «H»: Австралия, Ироқ (мизбон), Ҳиндустон, Кувайт.

Гурӯҳи «I»: ТОҶИКИСТОН (мизбон), Камбоҷа, Лубнон, Сингапур.

Гурӯҳи «J»: АМА, Эрон, Қирғизистон (мизбон), Бруней.

Сурат: ФФТ

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.