Абдурозиқу Хасбик аллакай бо ҳам каме даст нарм карда, дар Абу Заби онҳоро базӯр аз ҳамдигар халос карда буданд.

Дар бораи имкони қувваозмоӣ байни Абдурозиқ ва Хасбик дар доираи UFC роҳбари ин ташкилот Дана Уайт изҳори назар кард.

“Бале, қувваозмоӣ доир мегардад ва он дар Бостон баргузор мешавад”, - овардааст гуфтаҳои Уайтро Barstool Sports.

Дар бораи рӯзи рақобат худи нашрия чунин менависад: “Билохира рӯзи бори нахуст ба рақобат пардохтани Хасбулло дар UFC бароямон маълум шуд - 20 август бо Абдурозиқ”.

Тавре ки маълум аст Дана Уайт иштироки дастпарваронашро дар рақобатҳои байни одамони ғайриодӣ (фрик-бой) манъ карда, лекин соли гузашта ишора карда буд, ки барои блогери доғистонӣ истисно карда метавонад.

Дар омади гап мебояд гуфт, ки Хасбик ва Абдурозиқ аллакай бо ҳам каме задухӯрд карда буданд. Дар Абу Заби онҳоро базӯр аз ҳамдигар халос карда, баъдан пушти трэш-ток ба ҳам хуб занозанӣ карданд.

Бинобар сабаби норизогии аҳли ҷомеа ва тибқи овозаҳо, барои талаби зиёди ҳақмузд (гонорар) қувваозмоӣ байни онҳо дар соли гузашта баргузор нашуд.

Моҳи декабри соли 2021 размикори маъруф Ҳабиб Нурмагомедов муқобили ин қувваозмоӣ изҳори назар карда, сабаби баргузор нашудани қувваозмоиро чунин баён дошта буд:

“Як тоҷире, ки номашро намедонам, ба онҳо 1 миллионӣ ё ба ҳар ду як миллион пул додааст, то ки қувваозмоӣ (занозанӣ) накунанд. Ӯ чун мебинад, ки ин қувваозмоӣ таблиғ шуда истодааст, бо онҳо вохӯрда, ин маблағро медиҳад ва онҳо ваъда медиҳанд, ки рақобат намекунанд”.

Қобили зикр аст, ки Абдурозиқ ва Хасбулло дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухлисони зиёд доранд. Бо сабабҳои гуногун вобаста ба синну сол (18 ва 20-сола) қад ва вазни онҳо аз муқаррарӣ хеле паст ва камтар асту ҷисмашон ба кӯдакони 7-8-сола монандӣ дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.