Варзишгари тоҷик Ҳусейн Ҳасанов дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U-17) дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар вазни -60 кг медали биринҷӣ ба даст овард.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U-17) дар равияи юнонӣ-римӣ дирӯз, 19 июн оғоз ёфт.
Гуфта мешавад, ки Ҳасанов мусобиқаро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Эрон Абулфазл Миршакар мағлуб шуд.
«Варзишгари эронӣ ба финал баромад, Ҳусейн низ имкон дошт, ки мусобиқаро идома диҳад. Ӯ дар қувваозмоии тасаллобахш бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҳйук Сеомун ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Туркманистон Шатлик Юнусов пирӯз гардид», - менависад манбаъ.
Ҳамзамон дар рӯзи аввал варзишгарон Нодир Турсунзода (55кг), Ансор Раҳматзода (92кг), Акрами Ҷаҳонгир (110кг) гуштин гирифта, дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.
Бояд гуфт, ки бори аввал аст, ки Чемпионати Осиё оид ба гуштин дар ду категорияи синнусол – то 17-солаҳо ва то 23-солаҳо дар як вақт доир мегардад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон, 6 нафар миёни ҷавонон ба Бишкек сафарбар гардидаанд.
Тибқи низомнома, мусобиқа миёни наврасони то 17-сола рӯзҳои 19-22 июн ва миёни ҷавонони то 23-сола рӯзҳои 23-26 июн баргузор мешавад.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста