Рӯзҳои 24-27 июн дар шаҳри Чунчеони Кореяи Ҷанубӣ Чемпионати Осиё оид ба таэквондо доир гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат карданд.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар рӯзи охири чемпионат варзишгари тоҷик Моҳру Ҳалимова дар вазни -67кг миёни бонувон медали биринҷӣ ба даст овард.

“Моҳру муҳорибаро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Қатар Марам Фетнасси пирӯз шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари Урдун Ҷулиана Ал-Содиқ мағлуб гардида, ҷои сеюмро гирифт”, - омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, ин медали чоруми Моҳру Ҳалимова дар Чемпионати Осиё мебошад. Ӯ соли 2016 медали нуқра ва солҳои 2018, 2021 медали биринҷии Чемпионати Осиёро сазовор гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, боз 5 нафар намояндагони Тоҷикистон дар даврҳои аввали мусобиқа ба нокомӣ дучор шуданд.

 Зимнан зикр мегардад, ки дар Чемпионати 25-уми Осиё 229 варзишгар аз 33 давлати қора ширкат карданд.

Дар ҳисоби даставӣ мунтахаби Тоҷикистон бо касби як медали биринҷӣ ҳамроҳи 7 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопон зинаи 10-умро ишғол намуд.

Дасти Кореяи Ҷанубӣ (10 медал, аз ҷумла 5 медали тилло) ба зинаи аввал, Ӯзбекистон (7 - 4) - ба мақоми дуюм ва Эрон (10-3) - ба ҷойи сеюм соҳиб шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.