Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон Мерган Шаҳбозов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки барои баргузории маъракаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилии кишвар дар моҳи октябри соли 2010 16 млн. доллари амрикоӣ маблағ зарур аст.

«Бо кӯмаки мушовирони хориҷӣ мо мушаххас сохтем, ки барои баргузории маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва нашри натоиҷи он то соли 2015 16 млн. доллари амрикоӣ маблағ зарур аст», - гуфт ӯ ва афзуд, ки қисме аз ин маблағҳо ҷиҳати ба тартиб овардани номи кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳои аҳолинишин сарф шуда, моҳи октябри соли равон дар шаҳри Роғун ва деҳаҳои гирду атрофи он маъракаи санҷишии барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида мешавад, ки натиҷаҳои он аввали соли 2009 ба ҳукумат пешниҳод карда мешаванд.

Раиси кумитаи омори ҷумҳурӣ дар фасли тирамоҳ баргузор намудани маъракаи барӯйхатгиро бо он асоснок мекунад, ки дар ин фасл аксари муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан бармегарданд ва «муҳоҷироне ҳам, ки дар хориҷи кишваранд, ба қайд гирифта хоҳанд шуд».

«Дар пурсишномаи маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ суолҳо оид ба муҳоҷирон ҷой дода шудаанд, - идома дод М.Шаҳбозов. - Зимни посух ба онҳо сарвари хонадон метавонад бобати шумораи аъзои оилааш, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, маълумот диҳад».

Ёдрас мекунем, ки барӯйхатгирии охирини аҳолӣ дар Тоҷикистон соли 2000 доир гашта, мувофиқи натиҷаҳои он шумораи аҳолии кишвар ба 6 млн. 127 нафар ҳазор баробар буд.