Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Доираҳои сиёсии Тоҷикистон аз дастгирии ҷомеа дар сохтмони НОБ-и «Роғун» пуштибонӣ хоҳанд кард.

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров изҳор дошт, ки 2-уми августи соли равон дар марказ баргузории мизи мудаввар таҳти унвони «Дастгирии идомаи сохтмони НОБ-и «Роғун» дар ҷомеа» ба нақша гирифта шудааст. Чорабинии мазкурро Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегӣ созмон медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон оид ба оғози идомаи сохтмони нерӯгоҳ қарор қабул намуда, аз буҷаи кишвар ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар навбати аввал 50 млн. доллари амрикоӣ ихтисос дод ва эълом дошт, ки ин маблағ соли 2009 ба 150 млн. доллари амрикоӣ хоҳад расид. Бар замми ин, мири шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оғози сол аз сокинони Душанбе дархост намуд, ки маоши якмоҳаашонро ба суратҳисоби сохтмони нерӯгоҳ гузаронанд.

Аз рӯи лоиҳа, иқтидори НОБ-и «Роғун» 3,6 ҳазор МВт, истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар он беш аз 14 млрд. кВт/соат аст ва арзиши умумии он $3,4 млрд. мебошад.

Айни замон дар ҳаҷми беш аз 40% корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд, ки маблағи он 800 миллион долларро ташкил медиҳад.

Тибқи лоиҳа, навбати аввали нерӯгоҳ бояд дар муддати 4-4,5 сол ба истифода дода шавад, ки васли ду агрегати он бо иқтидори 800 МВт имкон медиҳад дар як сол то 5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол гардад.

Бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ҳанӯз соли 1976 оғоз гардида буд, вале ба иллати муташанниҷ гаштани вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон, соли 1990 сохтмони он қатъ шуд.

Соли 2004 зимни сафари расмии Владимир Путин ба Тоҷикистон перомуни ширкати Русия дар бунёди нерӯгоҳ мувофиқа ҳосил гардида буд. Ширкати «Русский алюминий» бунёди навбати аввали нерӯгоҳро ба ӯҳда гирифт. Аммо «РУСАЛ» ва ҳукумати Тоҷикистон бобати масоили мушаххасоти техникии нерӯгоҳ ба мувофиқае омада натавонистанд ва Тоҷикистон расман изҳор дошт, ки минбаъд аз ҳамкорӣ бо ширкати Русия даст мекашад. Моҳи августи соли 2007 ҳукумати ҶТ ба таври якҷониба қарордодро бо ширкати «Русский алюминий» бекор кард ва барои идомаи бунёди нерӯгоҳ Консорсиюми байнулмилалӣ таъсис дод.

Моҳи марти соли 2008 Виктор Ющенко, президенти Украина, изҳор дошт, ки Украина низ манфиатдор аст, дар идомаи сохтмони нерӯгоҳ саҳм гузорад. Ҳамзамон Қазоқистон низ хостори иштирок дар сохтмони нерӯгоҳ аст.