Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз раиси «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев изҳор дошт, ки фоизҳои баланди қарзи бонкӣ ва боҷи гумрукӣ монеъи фаъолияти пурсамари муассиса гаштаанд.

Ба қавли ӯ, ҷиҳати фаъолияти пурсамар ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввалия ба «Тоҷикматлубот» лозим меояд, маблағҳои зиёде қарз гирад.

«Фоизи қарзҳои бонкӣ ба мо 18 дарсад муайян шудааст ва гузашта аз ин мо бояд аз моли воридотӣ ба кишвар 27 дарсад боҷи гумрукӣ пардохт намоем», - идома дод ӯ. - Аз ин рӯ чунин андозаи фоизгузориҳо монеъи фаъолияти пурсамари мо мегарданд».

С.Валиев ҳамзамон аз ҳосилнокии пасти имсола изҳори нигаронӣ намуда, баён дошт, ки соли равон зарурат пеш омад, то содироти маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш дода шавад, зеро ба ин маҳсулот, пеш аз ҳама, бояд аҳолии ҷумҳурӣ таъмин карда шавад.

Мавсуф зикр кард, ки дар нимсолаи аввал иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба буҷаи ҷумҳурӣ 7 млн. 476 сомонӣ маблағ ворид сохтаааст. «Агар дар соли 2005 иттифоқ ба буҷаи ҷумҳурӣ 4 млн. сомонӣ ворид сохта бошад, пас соли равон мувофиқи нақша 18 млн. сомонӣ ворид хоҳад шуд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки агар муомилоти мол дар соли 2005 28 млн. сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2008 он бояд ба 110 млн. сомонӣ баробар шавад.