Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов иттилооти дар Тоҷикистон сар задани бемории доманаро рад намуд.
Ба гуфтаи ӯ, санҷиши вазъи эпидемиологӣ коҳиши бемориҳои сироятиро дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ошкор сохтааст. «Соли гузашта дар 215 маврид бемории домана ба қайд гирифта шуда буд, имсол бошад, ин рақам ба 154 ҳодиса баробар аст», - гуфт ӯ.
С.Раҳмонов изҳор дошт, ки соли гузашта 3 ҳазору 652 ҳодисаи гирифторӣ ба бемории гепатит ба қайд гирифта шуда, соли равон он то 2 ҳазору 817 ҳодиса камтар гаштааст, ки ин коҳиши назаррас аст.
«Агар соли гузашта 12 ҳазору 707 ҳодисаи гирифторӣ ба бемории сироятии шадиди рӯда ошкор гашта бошад, соли равон ин рақам ба 9,6 ҳазор расидааст», - афзуд муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста