Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯзҳо дар саросари мамлакат ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ босуръат идома дорад. То имрӯз ҳудуди 255 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 63,5 ҳазор тонна бештар мебошад.

Мутахассисини вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки майдони умумии кишти зироатҳои ғалладонагӣ 291 ҳазору 447 гектарро ташкил медиҳад ва то имрӯз дар 145 ҳазору 444 гектараш дарав ба анҷом расидааст.

Бино ба иттилои манбаъ, аз майдони умумии кишти зироатҳои ғалладона 70 фоизашро гандум ташкил медиҳад ва соли ҷорӣ ғаллакорон вазифадор карда шудаанд, ки аз заминҳои обӣ наздик ба 700 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ намоянд.

Аз вазорати кишоварзӣ ҳамчунин хабар доданд, ки д ар ин маъракаи   муҳим  аз комбайнҳо самаранок истифода бурда мешавад. Ҳамарӯза дар майдонҳои ғаллазор аз 300 то 430 адад комбайни ғалладарави хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида истифода мегардад. Ҳар як комбайн ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 4-5 гектарро дарав мекунад, ки ин кори даравгаронро осон мекунад.

«Дар ҳамин ҳол, то имрӯз танҳо 65 дарсади техникаи кишоварзӣ ба мавсими дарав омода шуданд - аз 787 комбайни ғалладарави мавҷуда 451 ададаш истифода мешавад», - изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки рӯзҳои наздик Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» барои омодагӣ ба мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта ба кишвар ба маблағи 7,7 млн. сомонӣ техникаи кишоварзӣ ворид месозад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар майдони 273 ҳазору 403 гектар зироатҳои ғалладона кишт шуда, 931 ҳазору 204 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардид, ки 649,3 ҳазори онро гандум ташкил медод.

Мувофиқи назари коршиносон, талаботи ҳамасолаи аҳолии ҷумҳурӣ ба гандум 1 млн. 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва миқдори ҳосили гандуми кишвар танҳо 50 дарсади талаботро қонеъ месозад.