Дар Соли ҷавонон мо намояндагони насли ҷавони кишварро, ки аллакай дар арсаи таҳсилу кор, варзишу ҳунар ва дигар соҳаҳои ҳаёт ба комёбӣ ноил гардидаанд, муаррифӣ мекунем.

Қаҳрамони мо Наимҷон Ҳошимови 23-сола аст, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар оилаи мусиқачиён чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Ҳанӯз дар кӯдакӣ ӯ ба дойразанӣ шавқу андозаи беҳад дошт. Устоди аввалини ӯ дар ин ҷода падараш Каримҷон Ҳошимов мебошад. Соли 2007 Наимҷон ба мактаби кӯдаконаи санъати ба номи М.Аминзодаи пойтахт дохил шуда, онро соли 2012 бо баҳои аъло хатм кард ва аз ҳамон замон ҳунару малакаҳои худро ба шогирдонаш меомӯзонад. Ҳамон сол Наимҷон ба Консерваторияи милии ба номи Талабхӯҷа Сатторов дохил шуда, айни замон ба имтиҳонҳои хатми ин муассиса омодагӣ мегирад.

Наимҷон аллакай шогирдони зиёдеро тарбия кардааст, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба дарёфти ҷоизаву дипломҳо комёб гардидаанд.