«Духтурон маслиҳат доданд, аммо...»

Зебо Ҳайдарова яке аз бонувони хатлониест, ки солҳои зиёд аз бемории камхунӣ азият мекашад.

«То таваллуди фарзанди якум саломатиям хуб буд. Вақте ӯро таваллуд кардам, хуни зиёдамро талаф додам. Зеро кӯдакро тариқи буриши қайсарӣ аз батнам гирифтанд. Духтурон маслиҳат доданд, ки то барқарор шудани бадан аз ҳомиладорӣ эҳтиёт шавам. Аммо ин гуфтаи онҳоро ҷиддӣ нагирифтам ва як сол нагузашта, ҳомила шудам. Бори дуюм низ фарзандамро тариқи ҷарроҳӣ гирифтанд. Ин дафъа низ хуни зиёд аз даст додам. Бинобар ин, камхунӣ то ҳол азиятам медиҳаду беҳолу бемадор таҳти табобати духтурон қарор дорам», - гуфт хонум Ҳайдарова.


Бонувон бештар мубталои камхуниянд

Табибон омилҳои асосии гирифтории занон ба бемории камхуниро дар риоя накардани тарзи дурусти истеъмоли ғизо ва фосилаи байни таваллуд медонанд.

Райҳона Мирзоева, сарвари Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон бар ин назар аст, ки паҳншавии бештари камхунӣ миёни занон омилҳои вижа дорад: «Сабаби асосии пайдоиши ин беморӣ кам будани оҳан дар таркиби хуни инсон мебошад. Сабаби дигар – риоя накардани фосилаи таваллуд. Дар чунин ҳолат организми онҳо баъд аз таваллуди пешин имкони барқарор шудан наёфтааст. Баъдан, бемориҳои меъдаю рӯда низ метавонанд сабаби камхунӣ гарданд. Яъне пайдоиши захму хунравии меъда ва ё рӯдаи дувоздаҳангушта касро ба камхунӣ мерасонад».


Мутахассиси дигар – Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ мегӯяд, ки асоситарин сабаби камхунӣ миёни занон маҳз истеъмоли бенизоми ғизо аст.

«Омилаш истеъмоли хӯроки якранг ва ё ҳангоми ғизохӯрӣ нӯшидани чой мебошад. Чой дар таркибаш моддае дорад, ки имкони ҷабидани оҳанро аз ғизо бартараф мекунад. Дар натиҷа организм наметавонад оҳани лозимаро аз хӯрок ҷабида гирад. Вақте организм миқдори даркории оҳанро гирифта натавонист, инсон гирифтори бемории камхунӣ мешавад», - иброз дошт Раҳматуллоев.

Модар ки бепарвоӣ кард...

Аз рӯйи теъдод пас аз занон бемории камхунӣ дар байни кӯдакону наврасон бештар паҳн шуда, то ҳол ҳамчун масъалаи ҳалталаб боқӣ мондааст.

– Сабаби мубталои камхунӣ шудани кӯдакон модарони онҳо ҳастанд. Зеро худ гирифтори ин бемориянд ва сари вақт табобат намегиранд, - мегӯяд Манзура Давлатова, мудири шуъбаи машваратгоҳи психологию тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки таҷрибаи 22-солаи табобати кӯдаконро дорад.

Духтури бемориҳои занона Ҳанифа Расулова, ки дорои собиқаи кории 40-сола аст, дар робита ба ин масъала чунин гуфт: «Аксари модарон ба саломатии духтарони наврас аҳамият намедиҳанд. Бояд духтарони аз 15-сола боло баъзан аз муоинаи духтури занона гузаронида шаванд. Зеро онҳо дар ин синну сол ҳайз мебинанд ва дар баъзе ҳолат бо сабабҳои мухталиф хуни зиёд аз даст дода, ба бемории камхунӣ гирифтор мешаванд».

Пайомадҳои камхунӣ

Пизишкон мегӯянд, ки бемории камхунӣ ба занон ва кӯдакон таъсири нохуши ҷиддӣ расонида метавонад. Занон гоҳо кӯдаки камвазн ё мурда таваллуд мекунанд. Ҳамчунин эҳтимол дорад, ки модар ҳангоми таваллуд аз хунравии зиёд бифавтад. Қувваи муҳофизатии бадани кӯдак (иммунитет) ҳам коҳиш ёфта, ӯ гирифтори бемориҳои гуногун, аз ҷумла, рахит, камвазнӣ, қадпастӣ ва инкишофи сусти ҷисмонию зеҳнӣ шуда метавонад.

– Агар зан гирифтори камхунӣ бошад, тифли дохили батнаш ба бемориҳои гуногун мубтало мешавад, - иброз дошт Ҳанифа Расулова. - Кӯдак нағз рушд намекунад, гирифтори бемории қалб ва гипотрофия мешавад, ҳамроҳаки зан инкишоф намеёбад. Агар мо камхунии навъи сабукро табобат накунем, он ба камхунии миёна оварда мерасонад. Ва агар камхунии миёнаро сари вақт табобат накунем, он ба камхунии вазнин оварда мерасонад. Дар ҳолати гирифторӣ ба камхунии вазнин на танҳо майнаи сар таъсири манфӣ мебардорад, балки аз ин гурдаи инсон ҳам зарари зиёд мебинад. Чунонки мо медонем, гурда пешобро аз хун ҳосил мекунад. Вақте хун кам бошад, кори гурда номуътадил мешавад ва онро зӯр меояд. Дар ин ҳолат қобилияти тозакунии хун вайрон хоҳад шуд. Ин ба он оварда мерасонад, ки об ба ҷойи ҳамроҳи пешоб баромадан, ба таги пӯст меравад ва фишори хунро баланд мекунад.

Ғизошинос мебояд буд

Ба хотири нест кардан ё лоақал коҳиш додани бемории камхунӣ миёни аҳолӣ, муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон дар доираи имкониятҳои худ тадбирҳои муайян роҳандозӣ мекунанд. Яъне он марказҳои солимии репродуктивии шаҳру ноҳияҳои вилоят, духтурони момодоя, бунгоҳҳо ва марказҳои саломатие, ки назорати антинаталии занони ҳомиларо ба зимма доранд, ба масоили камхунии бонувону кӯдакон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.


– Вақте ба мо муроҷиат мекунанд ва мо ошкор месозем, ки зан гирифтори бемории камхунӣ аст, барояш маводи ройгони доруворие медиҳем, ки дар таркибаш оҳан дорад, - зикр кард Райҳона Мирзоева. - Ин мавод дар ҳама муассисаҳои дахлдори тандурустӣ захира шудааст. Дар назди марказ шуъбаи махсус фаъолият мекунад, ки дар байни занони қобили таваллуд ва наврасон корҳои оммафаҳмонӣ мегузаронад. Ин шуъба дар маҳалҳо ва мактабу муассисаҳо семинару вохӯриҳо доир мекунад.

Барои пешгирӣ ва коҳиши сатҳи бемории камхунӣ шарикони рушди кишвар – созмонҳои байнулминалӣ низ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва дигар мақомоти давлатию ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамкории хуб дошта, дар ин самт чандин лоиҳаи муфидро амалӣ мекунанд. Ба гунаи мисол, дар доираи «Лоиҳаи беҳтаркунии ғизодиҳӣ дар ноҳияҳои таъминнокии ғизояшон дар сатҳи ноустувор қарордоштаи вилояти Хатлон» ба 3 ҳазор оилаи 10 ноҳияи таҷрибавӣ 150 тон картошкаи тухмӣ, 3 тон нахӯд, 915 кило лӯбиё, 516 кило лаблабу, 192 кило тухмии сабзӣ ва баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои наздиҳавлигӣ 120 тон нуриҳои минералӣ тақсим карда шуд.


Аммо ба гуфтаи Шералӣ Раҳматуллоев, ҳамаи ин тадбирҳо чандон муассир набуда, ниёз ба бозбинию такмил доранд. «То ин давра ба хотири паст кардан ва пешгирии бемории камхунӣ он қадар ҳаб ва маҳлулҳои оҳандор ворид кардем, ки ҳама ҷо пур шуд. Вале мутаассифона, ин натиҷаи дилхоҳ надод. Мо бояд усули корро дигар кунем. Пеш аз ҳама бояд маданияти истеъмоли ғизоро биомӯзем», - илова кард ӯ.

Мутаваҷҷеҳи худ бошем

Ба хотири пешгирии бемории камхунӣ мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки занони қобили таваллуд дар 6 моҳ як маротиба аз муоинаи табибони бемориҳои занона гузашта, тарзи дурусти истеъмоли ғизоро риоя кунанд.

– Модаронро мебояд, нисбат ба духтарони синни қобили таваллуд аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, - маслиҳат медиҳад мутахассис Ҳанифа Расулова. - Ва табибони бемориҳои занонаро зарур аст, ки ҳангоми муроҷиати бонувон бо ҳомиладории аввалин ба камхун будан ё набудани онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд. Мо – духтурони момодоя мехоҳем, ки занон хусусан дар давраи аввали ҳомиладорӣ гирифтори бемории камхунӣ набошанд. Чунки афзоиши кӯдак то семоҳагӣ сурат мепазирад. Агар дар ин муддат зан дар қайд ва назорати духтури момодоя набошад, зарар аз камхунӣ боз ҳам бештар мешавад.


Райҳона Мирзоева, сарвари Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон мегӯяд: «Ба занони ҳомиладор тавсия медиҳем, ки дар як рӯз 5 маротиба ғизо хӯранд. Яъне се дафъа ғизои асосӣ ва ду бор ғизои иловагӣ. Доруҳои барҳамзанандаи камхуниро бо чой не, балки бо оби ҷӯшонида баъд аз тановули ғизо истеъмол кунанд. Мо тавсия медиҳем, ки ба кӯдак то шашмоҳагӣ фақат шири модар дода шавад, то ин ки ба бемории камхунӣ гирифтор нашавад. Зеро дар таркиби шири модар тамоми витаминҳои зарурӣ мавҷуд аст. Пас аз шашмоҳагӣ ба кӯдак ғизои табиии иловагӣ додан даркор».

Фаҳмиш ниёз ба таҷдид дорад

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бемории камхунӣ бештар аз ҳама дар байни бонувон паҳн шудааст, ки дар аксар ҳолат ба насли оянда таъсири манфӣ мерасонад. Пас, ин таҳдид ба генофонди миллат аст. Зеро «Солимии модар – солимии ҷомеа» гуфтаанд. Биноан, баҳри пешгирӣ ва коҳиш додани бемории камхунӣ кулли ҷомеа дар радифи табибон бояд саҳмгузор бошанд, ё ҳадди ақал табиби худ бошанд.