Дар Душанбе ҷаласаи 3-юми ташкилоти заминавӣ оид ба мушкилоти танзими техникии Шӯрои байниҳукуматии ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмони ИДМ ба кор шурӯъ мекунад.

Дар ин чорабинӣ мутахассисони соҳаи сохтмони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Қисмати асосии чорабинӣ дар меҳмонхонаи «Dushanbe Serena Hotel» доир мегардад. Дар ҷаласа аз фаъолияти Шӯрои байниҳукуматӣ натиҷагирӣ шуда, доир ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои сохтмони кишварҳои узви ИДМ табодули назар сурат мегирад, хабар доданд аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ.

Зикр гардид, ки мутахассисон масъалаҳои ҳамоҳангсозии талаботи асноди меъёрӣ-техникӣ дар соҳаи сохтмони ИДМ ва робитаҳои байнидавлатӣ дар бахши моделикунии иттилоотӣ дар сохтмонро баррасӣ мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа баррасии боз як масъалаи муҳим - беҳбуди таъмини бехатарӣ аз зилзила (сейсмикӣ) ва рушди сохтмони тобовар ба зилзила низ ба нақша гирифта шудааст.

Дар фарҷоми ҷаласа лоиҳаи Созишномаи давлатҳо - кишварҳои узв дар бораи усулҳои умумии низоми санадҳои байнидавлатии меъёрӣ дар сохтмон ва ҷараёни иҷрои корҳои нақшавӣ дар Такшилоти заминавии кишварҳои узви ИДМ дар соли равон мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.