Дар Муассисаи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе имрӯз ба ифтихори таҷлили чорумин солгарди ҷашни “Рӯзи соҳибкорон” таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ  ва равандҳои муосири иқтисодӣ» Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2018 баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар форум Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд бо сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ дар панҷ соли охир барои ба иқтисодиёти кишвар ҷалб гардидани беш аз 5 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузории хориҷӣ, аз ҷумла қариб 2 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақим мусоидат намуд.

Воситаҳои ҷалбшуда ба гуфтаи президент, ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, сохтмони инфрасохтори бахши воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла энергетика, саноат, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ равона гардиданд.

“Дар натиҷа соли ҷорӣ саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 70 фоизро ташкил дода, назар ба панҷ сол пеш 12 банди фоизӣ зиёд гардидааст, - иброз дошт Сарвари давлат.

Президент таъкид дошт, ки тавассути ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ саҳми бахши саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2017-ум 17 фоизро ташкил дода, содироти маҳсулоти соҳа, алалхусус, семент, гаҷкартон, масолеҳи рангубор, маъдан, консерваи меваю сабзавот, матоъҳои пахтагин ва қолин бамаротиб афзудааст.

Аммо, зикр кард ӯ, имкониятҳои Тоҷикистон дар самти содироти маҳсулоти ниҳоӣ зиёданд ва соҳибкорону сармоягузоронро зарур аст, ки малакаву имкониятҳои худро барои истеҳсол ва содироти маҳсулоти дорои қобилияти рақобат дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ ва ба даст овардани арзиши баланди иловагӣ равона намоянд.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, ислоҳот доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ амалигардида имкон дод, ки дар давоми даҳ соли охир нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, рушди воқеии иқтисодиёт ба ҳисоби миёна 7 фоиз таъмин карда шавад.

“Саҳми бахши хусусӣ дар ин раванд арзишманд буда, вазифаи давлат ҳамоно аз таъмин намудани шароити мусоид барои фаъолияти босамари ин бахш иборат мебошад”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Президент зир кард, ки бо мақсади мукаммал гардонидани маъмурикунонии андоз ва андозбандӣ моҳи феврали соли ҷорӣ ба Кодекси андоз ва Кодекси гумрук тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои қабулшуда 30 номгӯй имтиёзу сабукиҳоро дар бар мегиранд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва соҳаи хизматрасонӣ равона карда шудаанд.

Таъкид шуд, ки дар ин раванд, зарур аст, ки субъектҳои хоҷагидор имтиёзҳо ва сабукиҳои пешбининамудаи қонунгузориро самаранок истифода баранд ва интизоми андозро пурра риоя намоянд.

“Бо вуҷуди шароити мусоиди барои соҳибкорӣ муҳайёгардида, бори дигар таъкид менамоям, ки мутаассифона, то ҳол як қисми андозсупорандагон ба вайронкунии қонунгузории андоз роҳ медиҳанд”, - қайд кард Сарвари давлат.

Зикр шуд, ки аз рӯи натиҷаи санҷишҳо дар соли 2017 ва ҳашт моҳи соли 2018 дар маҷмӯъ, 1 миллиарду 240 миллион сомонӣ маблағи пинҳонкардаи андозҳо ошкор гардида, аз он 900 миллион сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст.

“Бинобар ин, зарур аст, ки барои минбаъд роҳ надодан ба чунин қонунвайронкуниҳои андоз чораҳои дахлдор андешида шаванд”, - қайд кард Сарвари давлат.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.