Дирӯз, 20 январ шаҳрвандони Қирғизистон автомошини боркаши тамғаи “Камаз” - и шаҳрванди Тоҷикистон Насруллобек Асламовро, ки ба деҳаи Ворух маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла хӯрокӣ мебурд сангборон кардаанд. Дар ин бора аз дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Оқсойи Қирғизистон рух дода, дар натиҷа ронанда сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара осеб дида, тирезаҳо ва чароғҳо-и автомобил шикастаст.
- Ин рафтори иғвобарангезонаи сокинони Оқсой бори дигар нишон дод, ки онҳо бо ҳар восита мехоҳанд вазъро номуътадил намуда, байни аҳолӣ низоъ ангезанд, - гуфтааст дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара.
Роҳи миёни Чоркӯҳ ва Ворух аз миёни маҳаллаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад, ва ин макон то ин вақт борҳо шоҳиди муноқишаҳои марзӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ қарор аст, имрӯз 21 январ масъулони ҷамоатҳои наздимарзии Исфара вуқӯъи ин ҳодисаро якҷо бо масъулони ноҳияи Ботканд ба баррасӣ гузоранд.
Ҷониби Қирғизистон ҳанӯз ин ҳодисаро шарҳ надодааст.
Қобили зикр аст, ки дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду ҷониб 55 нафар кушта, ҳудуди 300 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, даҳҳо манзил ва иншооти дигар тахриб шуд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Баргузории фестивали K-pop дар Душанбе
DABS: Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон аз барқ беш $100 млн қарздор шуд
Ташкили Шӯрои оли муқовимат барои наҷоти Афғонистон: Аз Ато то Дӯстуму Масъудҳову Қонуниву Муҳаққиқу Сайёф
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба марҳилаи 2-юми барқаросозии НБО “Норак” созишнома имзо карданд
Оё имсол ба Тоҷикистон камобӣ таҳдид мекунад?
Дар Душанбе хатсайри нави автобус фаъол мешавад: аз Коллеҷи тиббӣ то Терминали ҷанубӣ
Тоқаев ҳамсари Назарбоевро аз комиссияи кор бо занҳо ихроҷ кард
Ӯзбекистон ҳам "Занги охир"-ро мисли Тоҷикистон танзим кард
Вазорати тандурустӣ дар Қирғизистон 111 муассисаи хусусии тиббиро мебандад
Тоҷикистон бозиро бо Ӯзбекистон 0:2 бохт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста