Дар қаҳрамонии бокси ҷавонони Осиё 7 варзишгари тоҷик, рӯзи 29-уми январ барои медали тилло талош хоҳанд кард. Бино ба иттилои Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, дар нимфинал 9 нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон набард кард, 5 нафар ба финал рохат гирифтанд.
Ду нафари дигар қаблан роҳхати даври финалро гирифта буданд.
Ба иттилои манбаъ, аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин сабқати ҷавонони то 22-сола, 4 нафари дигар медал биринҷӣ ба даст оварданд.
Гуфта мешавад, ки варзишгарони тоҷик, Акбаралӣ Абдураҳмонзода (-51кг), Абдумалик Болтаев (-75кг), Некрӯз Салимов (80кг) ва Шаҳбоз Ҳайитов (86кг), Давлат Болтаев мебошанд (92)кг, Муҳаммад Аброриддинов (+92кг) ва Сумайя Қосимова (48кг) бахти худро барои ба даст овардани медали тилло месанҷанд.
Хусравхон Раҳимов (57кг) ва Расул Аҳадов (67кг) дар нимфинал мағлуб шуда, медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Бояд гуфт, ки нахустин қаҳрамонии бокси ҷавонони Осиё дар шаҳри Тошканди Узбекистон 22 январ оғоз гардид.
Дар даври нимфинал миёни бонувон, Сумайя Қосимова (-48кг) бе муҳориба пирӯз шуд. Ҳарифаш аз Ҷопон Ҳикару Като аз сабқат даст кашид. Малика Нозимова ва Ҳусния Холова аз ҳарифонашон шикаст хурданд ва сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Муҳорибаҳои финалӣ бо иштироки намояндагони Тоҷикистон:
48кг – Сумайя Қосимова – Фарзона Фозилова (Узбекистон)
51кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода – Муҳаммадқодир Мамирҷонов (Узбекистон)
75кг – Абдумалик Болтаев – Абдулазиз Абдупаттаев (Узбекистон)
80кг – Некрӯз Салимов – Ҷасурбек Юлдошев (Узбекистон)
86кг – Шаҳбоз Ҳаитов – Тимур Мирҷонов (Узбекистон)
92кг – Давлат Болтаев – Рустам Урусбек уулу (Қирғизистон)
+92кг – Муҳаммад Аброриддинов – Ҷаҳонгир Зокиров (Узбекистон)
Дар ин мусобиқот 190 варзишгар аз 12 давлати қораи Осиё иштирок доранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Обуҳавои Тоҷикистон дар моҳи июн: ҳарорат баъзан то 45 дараҷа гарм мешавад
Дар бархе аз маҳаллаҳои Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мешавад
Гумонбари сеюми парвандаи куштори оилаи Маҳмадовҳо дар Ҷайҳун низ аз баёноташ даст кашид
Дар конфронси парлумонии Боку раиси парлумони Тоҷикистон дар чӣ бора изҳори назар кард?
Туркманистонро боз 490 қазоқтабори дигар тарк мекунанд
Шиносномаҳои рӯзноманигори таҳқиқгари қирғиз Болот Темировро бекор кардаанд
Президенти Радиои Озодӣ ҳамла ба журналистонро дар Душанбе маҳкум кард
Куштани як марди 40-сола дар пайи як даргирӣ дар Мастчоҳ
Даргузашти Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, руҳонии саршиноси кишвар дар синни 70-солагӣ
Бонувони Тоҷикистон аз медалҳо дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон бенасиб монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста