Дар робита ба даргириҳои марзии шоми 27-уми январ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд бо моддаи "ҷиноят алайҳи сулҳ"-и Кодекси ҷиноии ин кишвар парванда боз кардааст.

Дар ин бора хабаргузории қирғизии “кактус-Медиа” бо такя ба ВКд Қирғизистон хабар медиҳад.

Гуфта мешава, ки  нисбати захмишудагони қирғз ташхиси судии тиббӣ таъин шудааст. Дар ҳамин ҳол гуфт нашудааст, ки парванда дар кадом асос ва бар зидди кӣ кушода шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун аз боз кардани парвандае дар ин замина хабар надодааст.

Боз шудани парванда дар ҳолест, ки ҳамин ҳоло дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки Раҳмоналӣ Раҷабалӣ, раиси Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон музокироти ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад

Дар оғози музокирот Раҷабалӣ Раҳмонзода, роҳбари хадамоти марзбонии Тоҷикистон гуфта, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу субот ва таъмини амният дар хати мазр аст.

Ёдовар мешавем, ки то ҳол шумори кушташудаҳои ҷониби Тоҷикистон дар даргириҳои марзии шоми дирӯз, 27 январ бо Қирғизистон ба ду нафар расид. Нафари дувуми кушташуда ронандаи мошини Ёрии таъҷилии Беморхонаи марказии шаҳри Исфара мебошад.

Бино ба иттилои хабарнигори "Азия-Плюс" аз ҷойи ҳодиса, ин ронанда Абдулатиф Шарифови 62-сола мебошад. Шарифов ҳамроҳ бо ду корманди масъули ҳукумати Исфара дар як мошин буданд, ки ин ду корманд захмӣ шудаанд. 

Нафари дигари кушташуда, Обидҷон Тӯйчиев, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло мебошад, ки дирӯз хабари кушта шудани ӯро манбаъҳо дар Беморхонаи марказии Исфара ба "Азия-Плюс" тасдиқ карда буданд.

Обидҷон Тӯйчиев бар асари партоби гулӯла (снаряд) ба хонааш кушта шуд.

Хабарнигори "Азия-Плюс" мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир шумори дақиқи захмиҳо мушаххас нест, вале бино ба иттилои пешакии мақомоти масъул теъдоди онҳо аз 20 нафар зиёд аст.

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар як изҳороти дигар, ки субҳи имрӯз нашр кардааст, низ хабари кушта шудани ҳар ду сокини шаҳри Исфароро таъйид карда, шумораи захмиҳоро 10 нафар  ва аз ин теъдод 6 нафарро низомӣ ва 4 танро сокинони мулкӣ унвон кардааст. 

Ҳамчунин неруҳои марзбонӣ гуфтааст, ки соати 01.00 рӯзи 28 январи соли 2022 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти салоҳиятдори ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

"Ҷонибҳо баъди баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба чунин мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон гардида, то соати 08:00 дақиқаи санаи 28 январи соли 2022 тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хати сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордошташон баргардонида шаванд",-хабар медиҳад Неруҳои марзбонӣ.

Айни замон вазъдар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил буда, - мегӯяд ин ниҳод, сабабу омилҳои муноқишаи даргириҳои марзӣ аз ҷониби комиссияи муштараки сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Аз ҷониби Қирғизистон то кунун дар ин даргириҳо 7 нафар захм бардоштааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.