Нишасти амниятии дурӯзаи Душанбе дар масъалаи Афғонистон бо нашри як изҳороти поёнӣ аз сӯйи мушовирони амниятӣ ва котибони Шӯрои амнияти кишварҳои ширкаткунанда  ба охир расид. Дар ин баёнияи поёнӣ кишварҳо аз як силсила таҳаввулот нигаронӣ карда, ҳамчунин аз баъзе иқдомот истиқбол кардаанд.

Аз ҷумла, дар ин нишаст ин дидгоҳ матраҳ шудааст, ки “кишварҳое, ки барои вазъи кунунии Афғонистон масъуланд, бояд ҳамаи ӯҳдадориҳои худ барои бозсозии иқтисодии ин кишварро иҷроӣ кунанд”.

Ин нишааст ё муколамаи чоруми минтақавии котибони амнияти миллии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ду рӯз - 26 ва 27 май дар Душанбе бо ҳузури мушовирони амниятӣ ва котибони Шӯроҳои амниятии 8 кишвар: Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон,  Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  баргузор шуд, ки дар он вазъи кунинии Афғонистон ва роҳҳои кӯмак ба ин кишварро мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар баёнияи поёнӣ омадааст, ки намояндагони кишварҳо таъкид кардаанд, ки Афғонистони босубот, дорои сулҳ ва шукуфо ба манофеи умумии кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мувофиқ аст.

Сарони намояндаҳо ҳимояти худро аз ташаббуси Тоҷикистон дар мавриди ташкили “Камарбанди амниятӣ ” дар давру барки Афғонистон истиқбол карда ва бар роҳандозии он таъкид кардаанд.

Ташкили "Камарбанди амниятӣ" дар давродаври Афғонистон аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД 10 январи имсол пешниҳод шуд. Раҳмон ҳамчунин пешниҳод карда буд, ки дар доираи СПАД рӯйхати ягонаи созмонҳои террористӣ тартиб дода шудавад.

Ҳамчунин дар баёния омадааст, ки сарони намояндагиҳо пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди дар ихтиёри кишварҳои ёрирасон гузоштани зерсохтҳои логистикӣ, аз ҷумла шаш пули қарордошта дар марз бо Афғонистонро барои расонидани ёриҳои башардӯстона ба мардуми ин кишварро, истиқбол кардаанд.


Масъулони амниятии кишварҳои ширкаткунанда бо таъйиди усули дахолат накардан ба корҳои дохилии Афғонистон таъкид кардаанд, ки механизмҳои барқарорсозии сулҳу субот дар ин кишвар бояд бар пояи усули “аз сӯйи афғонҳо бо раҳбарӣ ва назорати худи афғонҳо” коркард шавад. Дар баробари ин даъват шудааст, ки дар Афғонистон сохтори фарогири сиёсӣ бунёд шавад.

Сарони намояндаҳо ба муҳиммияти риояи қатъии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аз сӯйи Афғонистон ва уҳдадориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бар асоси созишномаҳо ва шартномаҳо таъкид кардаанд.

Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки кишварҳои минтақа аз вазъи кунунии Афғонистон нигаронӣ кардаанд ва изҳори умед кардаанд, ки вазъи сиёсии дохилӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин кишвар беҳбуд меёбад  ва ба аҳамияти истисноии ҳузури ҳамаи гуруҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар ташкили ҳукумати Афғонистон таъкид кардаанд.

Онҳо таъкид кардаанд, ки “мардуми мулкии Афғонистон набояд бар асоси тааллуқоти мазҳабӣ ва миллияшон таҳти хушунат қарор бигиранд” ва ба риояи ҳуқуқҳои  ҳамаи шаҳрванди Афғонистон, бидуни истиноъ даъват кардаанд.


Дар мавриди ҳузури гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон дар ин баёния омадааст, ки сарони намояндаҳо аз ҷонибҳои зидахли Афғонистон даъват кардаанд, ки дар маврид аз миён бурдани гурӯҳҳои гуногуни террористӣ иқдомоти амалӣ рӯйи даст бигиранд ва монеъи пешрафти созмонҳои террористӣ шаванд ва пойгоҳҳои тамринотии онҳоро ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар минтақа маҳор кунанд ва замонат бидиҳанд, ки Афғонистон ба унвони қароргоҳ, паноҳгоҳ ва манбаи паҳншавии терроризм хидмат намекунад.

Сарони намояндаҳо таъкид кардаанд, ки қаламрави Афғонистон набояд дар ҳеч сурат аз сӯйи созмонҳои байналмилалии террористӣ барои паноҳ бурдан, тамрин дидан ва барномарезиву сармоягузории ҳама гунаи амалҳои террористӣ алайҳи кишварҳои минтақа қарор нагирад.  

Дар ин бофтор,  аз эҳтимоли нуфуз пайдо кардани терррористон ва дигар унсурҳои бесуботкунанда ба кишварҳои худашон аз Афғонистон таҳти ниқоби паноҳанда, изҳори нигаронӣ шудааст. 

Аҷет Девол, мушовири амниятии Ҳинд дар рӯзи нахусти ин нишаст дар мулоқот бо Дабири Шӯрои амнияти Эрон Алии Шомхонӣ гуфта буд, ки дар хоки Афғонистон гуруҳҳои террористии зиди Ҳинд фаъол шудаанд.

Сарони намояндаҳо таъйид кардаанд, ки ҳадафи ба роҳ мондани ҳамкориҳо барои мубодилаи иттилооти фаврӣ миёни кишварҳҳои ҳаммарз бо Афғонистон ва дигар кишварҳои манифатдор дар мавриди  вазъи марбут гуруҳҳои тахрибкорро доранд. 

Ҳамчунин изҳори умед шудааст, ки Афғонистон битавонад амалан кишт, истеҳсол ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро аз миён бибарад.


Ҳамчунин масъулони амниятии ҳашт кишвар дар Душанбе бар аҳамияти форматҳои гуногуни муколама барои сулҳу субот ва бозсозии Афғонистон таъкид кардаанд. Онҳо аз ҷумла аз “Ташаббуси Тунсии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар мавриди пуштибонӣ аз бозсозии иқтисодӣ ва ҳамкории амалӣ бо Афғонистон”, фаъолияти формати Маскав дар мавриди Афғонистон, - “Торойкои тавсеаёфта”, Гуруҳи тамоси “СҲШ - Афғонистон” ва механизмҳои дигаре, ки барои эътидоли авзоъ дар Афғонистон ва бозсозии пасонизоии ин кишвар талош мекунанд, истиқбол кардаанд.

Дар ин нишаст, сарони намояндаҳо бори дигар усулҳо ва натиҷаҳои “Созиши Деҳлӣ ”-ро, ки дар муколамаи сеюми минтақавӣ дар Деҳлии Нав, 10-уми ноябри соли 2021 ҳосил шудабуд, таъйид кардаанд.

Ҳамчунин дар ин нишасти ба нақши калидии СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар расонидани ёриҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон таъкид шуда, аз тамдид фаъолияти Маъмурияти СММ дар Афғонистон (UNAMA)  то 17 марти соли 2023 истиқбол кардаанд.

Ҳамчунин сарони намояндаҳо дар баробари истиқбол аз пешниҳоди зерсохтҳои Тоҷикистон барои расонидани ёриҳо, ҳамчунин  аз истифодаи фурудгоҳи термизи Ӯзбекистон, зарфиятҳои бандарии Эрон, аз ҷумла бандари Чобаҳор барои расонидани ёриҳо ҳимоят кардаанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.