Бо гузашти панҷ шабонрӯз аз имзои протокол миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи сарҳадӣ ва берун кашидани нерӯҳои иловагию техникаи вазнин, то ҳол Тоҷикистон хисороти аз ин низоъ расидаро дақиқ накардааст. Қирғизистон зарари  молияшро 18 млн. доллар эълон кардааст.

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” вобаста ба хисороти аз низоъ воридгардида гуфт, “ҳеч гуна маълумот дар даст надорам ва мушаххасан чизе гуфта наметавонам”.

Ба гуфтаи Умеда Юсупова, ҳаҷми хисорот аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд ҳисоб мешавад.

Музаффар Юсуфзод, сухангӯи раиси вилояти Суғд низ маълумоти дақиқ дар бораи хисороти воридгардида ироа накард.

Ӯ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “барои ҳисоби хисороти молӣ гурӯҳи корӣ ташкил шудаааст ва масъулин дар ҳама ҷамоатҳо зиёнҳои дар пайи таҷовузи низомии Қирғизистон воридшударо ҳисоб мекунанд”.

Ба таъкиди Музаффар Юсуфзод, хисороти воридшуда дар аксари ҷамоатҳои наздимарзии зиёд аст ва комиссияи корӣ бо ҳисобкунӣ машғуланд.

“Иншооти зарардида хеле зиёд аст. Дар пайи ин ҳуҷуми таҷовузкоронаи қирғизҳо, хонаҳои зиёд комилан сӯхта, дороиҳои мавҷудбуда ва ҷиҳози ба хок яксон ҳисоб шуда истодаанд”, - гуфт сухангӯи раиси вилояти Суғд.

Яке аз хонаҳои сӯхта дар деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара

Музаффар Юсуфзод гваъда дод, ки давоми 2 рӯзи минбаъда омори дақиқи хисорот ба расонаҳо хабар дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори “Азия-Плюс”, ки ба маҳалли муноқиша сафар карда буд, аз вазъи ҳузнангез ва хароби деҳаҳо гузориш медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки кӯчаҳо беодам, хонаҳои зиёди сокинони осоишта хароб, автомашинаҳо сӯхта ва дар баъзе иншоот оташ ҳоло ҳам фурӯзон аст.

“Дар деҳаи Сомониён ҳудуди 35 хона пурра сӯхтааст. Барқарор намудани ягона мактаби деҳа, ки дар он ҳудуди 300 нафар таҳсил мекарданд, низ ғайриимкон аст. Бунгоҳи тиббии чанде пеш сохтмонаш оғозгардида, низ тахриб шудааст. Бар асари осеб дидани трансформатор як ҳафта боз дар деҳаи Сомониён барқ нест”, - раиси ҷамоати Чоркӯҳ.

Мактаби рақами 64 дар деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара

Ҳоло маълум нест, ки дар дигар ҷамоатҳои наздимарзии Тоҷикистон чӣ қадар хисороти молӣ расидааст ва дар ин муноқиша кадом иншоот хароб гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар муноқишаи марзии рӯзҳои 14-17-уми сентябр миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон талафоти ҷонӣ 41 нафар, бино ба ҳисоби расонаҳои кишвар 70 нафар сокини Тоҷикистон ҳисобида шуданд. Ҷониби Қирғизистон расман аз кушта шудани 59 нафар хабар медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.