Маҷлиси вакилони Ҷамоати шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич пешниҳод кардаанд, ки Мактаби санъати бачагона дар ин ноҳия ба номи овозхони марҳум Дамирбек Олимов гузошта шавад. Дар ин бора Бобоҷон Зокиров, яке аз пайвандони овозхон ба “Asia-Plus” хабар дод.

Ба гуфтаи Бобоҷон Зокиров, пешниҳоди мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони ноҳияи Деваштич ирсол гардидааст.

Ин манбаъи “Asia-Plus” гуфт,  дар назар аст, мактаби мазкур 11-уми октябр бо иштироки масъулини вазорати фарҳанг ва овозхонҳои шинохтаи кишвар ифтитоҳ гардад.

Ёдовар мешавем, ки овозхони маъруфи тоҷик Дамирбек Олимов шаби 5-уми феврали соли равон бар асари садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт. Ҷасади Дамирбек Олимовро зӯҳри ҳамон рӯз дар оромгоҳи Абубакри Сиддиқи ноҳияи Деваштич ба хок супориданд. Марҳум 33 сол дошт ва аз сарояндагони соҳибистеъдоди рӯз ба ҳисоб мерафт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.