Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ якҷо бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд сарбозону афсаронеро, ки дар даргириҳои ахири марзӣ захмӣ шуда буданд, аёдат намуданд.

Дар ин бора дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Онҳо дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Беморхонаи клиникавии шаҳрии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд сарбозону афсарони қисмҳои низомиро аёдат кардаанд.

Гуфта мешавад, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон барои табобати захмиён доруворӣ ва хӯроку маводи зарурӣ дастрас гардида, кормандони беҳтарини соҳаи тиб ҷалб гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи Тоҷикистону Қирғизистон дар манотиқи сарҳатии баҳснок, даҳҳо нафар куштаву садҳо нафар захмӣ шуданд. Мақомоти расмии Тоҷикистон дар хусуси куштори 41 нафар иттилоъ медиҳанд, дар ҳоле, ки расонаҳо теъдоди кушташудагонро 74 нафар мегӯянд. Қирғизистон аз кушта шудани 59 нафар иттилоъ медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.