Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон барои ироаи иттилоъ дар бораи Аҳмадбек Саидов, маҳбуси фирорӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ ваъда кардааст. Дар ин бора аз сарраёсати мазкур ба “Asia-Plus” иттилоъ доданд.
“Барои пешниҳоди маълумоте, ки ба боздошти ин маҳбуси фирорӣ мусоидат намояд, воқеан дар ҳаҷми 50 000 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ пешниҳод шудааст”, - гуфт манбаъи “Азия-Плюс”.
Ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимои акси Аҳмадбек Саидов гардиш мехӯрад, ки дар поёни он эълони пардохти 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ироаи маълумот ва рақамҳои телефон гузошта шудааст.
Аҳмадбек Саидов, маҳбусе, ки шаби 18 ба 19-уми августи соли равон аз боздоштгоҳи №1-и Душанбе фирор кардааст, 35 сол дорад ва то ҳол дастгир нашудааст.
Дар хусуси ҷузъиёти фирори Аҳмадбек Саидов маълумоти муфассал дастрас нест ва аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ низ касе ҳозир нашуд, ки шароити фирори ин маҳбусро шарҳ диҳад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дарёфтшуда, як мақомдори Боздоштгоҳи рақами 1-и Душанбе бо номи Идибек Муҳтоҷов, ба иттиҳоми даст доштан дар фирори маҳбус дастгир шудааст.
Ёдовар мешавем, Аҳмадбек Саидов дар оғози моҳи августи имсол дар қатори дувоздаҳ каси дигар аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда, ба “ҳамлаи ғоратгарона ва тасарруфи 86 ҳазору 250 сомонӣ дар соли 2007 дар Данғара” муттаҳам аст.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста