Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ояндаи наздик парвозҳо бо хатсайри Душанбе - Хоруғро барқарор карданист. Муддати аллакай як моҳ (аз аввали моҳи октябр) аст, ки парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайр анҷом дода намешаванд.

«Бинобар сабаби анҷом додани корҳои зарурии техникӣ дар ҳавопаймои Ан-28» парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе - Хоруғ муваққатан боздошта мешавад», - хабар дода ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ҶСК «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев.

Ӯ ҳамчунин маъзарати раҳбарияти ширкатро барои шароити номусоид ба вуҷуд овардан ба мусофирон дар ин самт изҳор намуд. «Қатъи парвозҳо бо ин хатсайр муваққатӣ буда, ояндаи наздик ширкат онҳоро барқарор карданист», - гуфт Хайруллоев.

Қобили зикр аст, ки ахиран ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳо бо хатсайри Душанбе - Хоруғ - Душанберо тариқи ягона ҳавопаймоҳои боқимонадаи АН-28 анҷом медиҳад, ки барои ин иҷозатномаи дахлдор дорад. Дигар навъҳои ҳавопаймоҳои ширкат бо сабаби релйефи душвори кӯҳистон чунин парозҳоро анҷом дода наметавонанд.

Масъулони бахши авиатсионии кишвар қаблан тасдиқ карда буданд, ки ин ҳавопаймоҳо ба ҳамаи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯянд, вале дар амал парвоз бо ин ҳавопаймоҳо торафт хатарнок мешаванд.

Файзулло Сатторов, муовини директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» соли гузашта ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуда буд, ки парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе - Хоруғ яке аз душвортарин дар ҷаҳон аст

«Сарфи назар аз ин душвориҳо, аз нигоҳи иқтисодӣ ин хатсайр даромад наоварда, зиёновар аст. Ба ҷуз ду ҳавопаймои навъи Ан-28, мо дигар ҳавопаймоҳоро дар ин самт истифода бурда наметавонем», - иброз дошта буд номбурда.