Дар номаи ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ба унвони мақомоти Тоҷикистон аз интишори маълумоти носаҳеҳи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» доир ба парвози ҳавопаймо  аз Душанбе ба Тошканд норозигӣ изҳор шуда, зикр мегардад, ки пеш аз пешниҳоди маълумот, ширкати тоҷикистонӣ мебоист ҳама паҳлӯҳои масъаларо месанҷид.

Тавре як манбаи огаҳ аз таърихи ин масъала ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, дар нома ҳамчунин қайд шудааст, ки интишори маълумот бидуни рӯшанӣ андохтан ба ҳамаи паҳлӯҳои масъала ба мушкилиҳо боис шуда метавонад.

Гуфта мешавад, мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон барои анҷоми парвозҳо ба як муҳлати муайян (чартерӣ) дархост гирифтаанд, на барои анҷоми парвозҳо тариқи хатсайрҳои мунтазам. Дархост танҳо рӯзи якшанбе, 19 феврал ва 1 рӯз пеш аз иҷрои парвозҳо тавассути хатсайрҳои мунтазам қабул шудааст. Табиист, ки таъкид мешавад дар нома, барои қабули қарор фурсат хеле кам буд.

Ғайр аз ин, қайд мешавад дар нома, масъалаи додани иҷозатнома барои иҷрои парвозҳо бояд аз ҷониби Хадамоти амнияти Ӯзбекистон ва мақомоти дифоъи зиддиҳавоии ин кишвар баррасӣ шавад, ки «барои ин низ вақти муайяне лозим аст».

Гузашта аз ин, таъкид мешавад дар мактуб, барои анҷоми парвозҳои мунтазам варақаи хизматӣ (формуляр) гирифтан зарур аст, ки барои анҷоми парвозҳо муддати тамоми мавсим дода мешавад.

Ҳамчунин то ҳол дар шаҳри Тошканд мавҷуд набудани намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва мутаносибан ташкили фурӯши билетҳо дар Ӯзбекистон низ зикр мегардад.

Маросими гусели мусофирони аввалин хатсайр ба Тошканд аз фурудгоҳи Душанбе, 10 феврал
Акс: Asia-Plus

Қобили зикр аст, ки парвози ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» бо хатсайри Душанбе - Тошканд, ки санаи 20 феврал бояд ба анҷом мерасид, амалӣ нашуд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ин робита иттилоъ дод, ки фурудгоҳи Тошканд ба унвони ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар бораи рад шудани парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри аввал огоҳинома ирсол карда, дар нома сабабҳои рад шудани парвоз зикр наёфтааст.

Хотиррасон шуда буд, ки ҳанӯз 10 феврал зимни гуфтушунидҳо дар Тошканд ба ширкати «Сомон Эйр» оид ба анҷом додани парвозҳо ба фурудгоҳи Тошканд аз 20 феврал иҷозатномаи истифодабарӣ дода шудааст.

Бо ҳавопаймои аввал тариқи хатсайри Душанбе - Тошканд бояд 26 нафар мусофирон ба пойтахти Ӯзбекистон парвоз мекарданд.

Аз ширкати тоҷикистонӣ иттилоъ доданд, ки айни замон раҳбарияти «Сомон Эйр» дар ҳамдастӣ бо ҳамтоҳояшон аз «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» масоили техникии роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайрро баррасӣ доранд, то ки ҳарчи зудтар парвозҳо тариқи хатсайри Душанбе - Тошканд - Душанбе оғоз гардад.

Самтҳои анҷоми парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» дар инфографикаи зер.