Аз 27 то 31 март, дар чаҳорчубаи лоиҳаи Бонки Миллӣ ва Фонди хазинаҳои амонатӣ оид ба ҳамкории Олмон, дар маркази таълимии Бонки Миллӣ озмуни байнибонкӣ таҳти унвони “Ҷоми бонкҳо” оид ба идоракунии стратегӣ дар Бонк  баргузор гардид.

Панҷ даста аз панҷ бонкҳои пешрафтаи Тоҷикистон «Бонки Эсхата», «Амонатбонк», «Аввалин Бонки молиявии хурд», «Казкоммерцбанк» и «Аксес Бонк Тоҷикистон» дар ин озмун иштирок карданд, ки ҳадафи асосӣ баланд бардоштани идоракунии стратегӣ байни роҳбарон ва сардорони соҳаи бонкӣ маҳсуб меёбад. Озмун чунин соҳаҳои кориро фаро гирифт:

- Коркарди стратегияи рушди бонк ва воситаи назорат;

- Қабули қарор оид ба масъалаҳои муҳими фаъолияти опертивӣ дар шароити рақобат;

- Таҳлили иттилоти бонкию бозори молиявӣ;

- Фаҳмиши принсипҳо ва робитаи якҷоя байни бонкҳо ва тамоюли рушди иқтисодӣ ва муборизаи рақибон;

- Иҷроиши меъёрҳо аз тарафи Бонк оид ба сармоя ва идоракунии бозоргирӣ;

- Қабули қарор оид ба арзиш ва суръати рушди сандуқи захираҳои ҷалбшуда ва ҷойгиршуда;

- Фаҳмиши принсипҳои идоракунии захираҳои кадрӣ;

Иштирокчиён донишу малакаи худро нишон дода, дар навбати худ барномаи коркардаи худро дар мавриди тавозуни солонаи алоҳида дар мисоли бонки худ муаррифи намуданд.

Ба дастаи кормандони Бонки Эсхата Зариф Разыков-сардори Департаменти тиҷорати корпоративӣ, Фурқат Хасанов-директори филиали Бонк дар ш.Душанбе, Олим Миралиев-сардори шӯъбаи ҷамъбасти ҳисоботҳо ва таҳлил, Мақсудҷон Комилов-сардори шӯъбаи мушоиати хавҳои бонкӣ ва Акбарҷон Мамадҷонов -иқтисодчии калони шуъбаи хазинадорӣ шомил гардиданд. Дар ҷамбаст дастаи Бонки Эсхата ҷои аввалро ишғол карда, сазовори Ҷоми Бонкҳо гирдиданд.

Бояд қайд намоем, ки дар ҷараёни озмун байни панҷ даста, дастаи Бонки Эсхата мутобиқ ба талаботҳои ҷорӣ ва истифодаи самараноки ҷараёни идоракунӣ, беҳтарин барномаро муаррифӣ кард.   

Ғолибияти дар ин самт бори дигар мақоми беҳтарини Бонки Эсхатаро исбот мекунад.

Дар ҷамъбаст ташкилкунандагони озмун ба иштирокчиён муваффақиятҳо ва пешравиву бурдориҳоро таманно карда, боварӣ намуданд, ки гузаронидани Ҷоми Бонкҳо ба ҳукми анъана даромада, барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандон ва рушди низоми бонкии кишвар мусоидат хоҳад кард.