Нахустин шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон – Ширкати “Помир Энерҷӣ” барои зиёд намудани дастрасӣ ба қувваи барқ дар соли 2017 ва барои таъминоти қариб 220,000 нафар дар Тоҷикистон ва беш аз 35,000 нафар дар вилояти Бадашони Афғонистон ва инчунин бисёр корхонаҳо, мактабҳо ва муассисаҳои тиббӣ бо қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза соҳиби ҷоизаи бонуфузи “Ашден” гардид.

“Ашден” ҷоизаҳои дар сатҳи сифати ҷаҳонӣ эътирофгардида дар соҳаи энергияи устувор мебошанд. Дар сатҳи байналмилалӣ ғолибон мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 20 000 фунт стерлинг гирифта, инчунин соҳиби бастаи инфиродии дастгирии соҳибкорӣ барои васеъкунии фаъолияти худ мегарданд. (Навори видеоӣ ва маълумоти муфассал дар бораи ҳар як гирандаи ҷоиза дар ин ҷо оварда шудааст: www.ashden.org/winners/2017/pamir-energy).

Дар солҳои 90-уми асри гузашта қисми зиёди инфрасохтори энергетикӣ  вайрон шуд. Понздаҳ сол қабл танҳо 13%-и хоҷагиҳо дар вилоят ба қувваи барқи маҳдуд дастрасӣ доштанд.

Барои ҳалли ин мушкилоти таъминот бо барқ дар соли 2002 Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ  бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва Шабакаҳои рушди Оғохон дар асоси Шартномаи консессионӣ барои то соли 2027 таъмин намудани ВМКБ бо қувваи барқи боъэтимод дар давоми тамоми сол, аз ҷумла дар зимистон, нахустин шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон – Ширкати “Помир Энерҷӣ”-ро таъсис дод.

Аз соли 2002 то кунун нахустин шарикии давлат ва бахши хусусӣ - “Помир Энерҷӣ” 11 адад нерӯгоҳҳои барқи обии хурдро барқарор ва беш аз 4,300 км хатҳои интиқоли барқ ва инчунин воситаҳои тақсимотиро азнавсозӣ намуд.  Дар соли 2008 Ширкат тавассути дарёи Панҷ барои ҷамоатҳо дар шимоли Афғонистон – барои баъзеашон аввалин маротиба дар таърихашон - содироти қувваи барқро оғоз намуд. Кумаки Ҳукумати Швейсария тавассути Котиботи давлатӣ оид ба иқтисодёт (SECO) дар ҳамкории зич бо Ҳукумати Тоҷикистон ба туфайли механизмҳои инноватсионӣ ва технологияи мусоид барои таъмини нерӯи барқи дастрас барои оилаҳои камбизоат дар ВМКБ дар марҳилаҳои ҳассостарини лоиҳа аҳамияти ҳаётан муҳим дошт.

Ба ҳолати имрӯза 96%-и аҳолӣ дар ВМКБ, тақрибан 211, 200 нафар аз қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, устувор ва дастрас таъмин ҳастанд. Дар соли 2008 Ширкат ба содироти барқ тавассути дарёи Панҷ барои ҷамоати дар шимоли Афғонистонбуда  оғоз намуд,ҳоло он  ки қисми аҳолӣ якумин маротиба дар таърихи худ ба қувваи барқ дастрасӣ пайдо намуданд. Дар айни замон зиёда аз 35, 000 нафар аҳолии вилояти Бадахшони Афғонистон аз Тоҷикистон барқ мегиранд. Дар доираи ҳамкории байнисарҳадии Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон як қатор лоиҳаҳои энергетикӣ амалӣ шуданд, ки имконияти дар солҳои наздик бо  барқ таъмин намудани деҳоти бештар дар шимоли Афғонистонро фароҳам оварда, ҳамзамон ба рушди минбаъда ва бехатарии ҳудуди наздисарҳадии давлати ҳамсоя мусоидат мекунанд. 

Дастрасӣ ба қувваи барқ зиндагии бисёриҳоро дар ВМКБ куллан тағйир дод. Ҳаёт ранги тоза гирифт: барои занон обгармкунӣ, либосшӯӣ ва дарзмолкунии пӯшок осон шуда, оилаҳо аз душхонаҳои оби гармдошта истифода мебаранд. Имрӯз хатари бемориҳои роҳи нафас батадриҷ кам шуда, хароҷоти миёнаи хонаводаҳо дар як моҳ барои истифодаи энергия тақрибан аз 98 доллари ИМА то 7 долари ИМА кам шудааст.

Дар баробари ин камшавии буридани дарахтон барои ҳезум боиси коҳиш ёфтани хатари фуромадани тармаю ярч гардид. Таъминоти боэътимод бо қувваи барқ имкониятҳои дигари рушдро дар вилоят муҳайё сохт. Мактабҳо ба интернет дастрасӣ пайдо намуданд. Корхонаҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла ошхонаю нонвойхонаҳо фаъолияти худро ба таври замонавӣ ба роҳ монданд. Фаъолияти муассисаҳои тиббӣ самараноктар гардид: дорувориро метавон ба таври бехатар дар яхдонҳо нигоҳ дошт,  ҷарроҳон имкон пайдо намуданд дар кори худ аз таҷҳизоти нисбатан бехатари замонавии бо қувваи барқи устувор коркунанда истифода баранд.

Ба андешаи судяҳои “Ашден”: “Муносибати “Помир Энерҷӣ” ба таъминоти тамоми аҳолии минтақаҳои дурдаст бо қувваи барқ ибратбахш аст ва ин лоиҳаро метавон дар дигар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷаҳон истифода бурд. Маҳз дар асоси ҳалли талаботи мардум ба қувваи барқ ва тақсимоти самараноки он Ширкат беҳдошти сифати зиндагии сокинони маҳаллиро ба роҳ мемонад”.

Усмоналӣ Усмонзода,  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд: “Ҳукумати Тоҷикистон бо гирифтани чунин ҷоизаи бонуфуз, ки кӯшишҳои пайвастаи ба муштариёни ВМКБ пешниҳод кардани энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза, боэътимод ва дастрасро эътироф мекунад, фахр мекунад. Ҳамкорӣ бо Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд, ба монанди SECO (Котиботи давлатӣ оид ба иқтисодёт), Фонди ПАТРИП тавассути KfW (Бонки руди Олмон), USAID (ЮСАИД) ва Ҳукумати Норвегия ба мо имконияти истифодабарии малакаҳои гуногун ва афзалиятҳоро барои таъмини корхонаи бомуваффақияти барои рушди иқтисодию иҷтимоии ВМКБ дар Тоҷикистон мусоидаткунанда ва инчунин барои таҳкими равобит бо Афғонистони  ҳамсоя дод”.

Далер Ҷумъаев, директори кулли “Помир Энерҷӣ”,  иброз дошт: “Помир Энерҷӣ” маҳз ба шарофати ҳамкории зич бо Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи оид ба Ҷоизаҳои байналмилалии “Ашден” ҳамчун модели нодири рушди энергияи устувор дар манотиқи кӯҳистон эътироф карда шуд. Ин мукофот шаҳодати самарабахшии ҳамкории байни давлату бахши хусусӣ ва қобилияти шарикони рушд дар таъмини энергияи устувор дар Осиёи Марказӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа аст”. 

“Помир Энерҷӣ” Ҷоизаи “Ашден”-ро рӯзи панҷшанбе, 15 июни соли 2017 дар маросими бонуфуз дар Ҷамъияти шоҳии ҷуғрофӣ дар Лондон мегирад.  Барандаи канали 4-уми ВВС Кришан Гуру-Мурти маросими супоридани ҷоизаро пеш бурда, собиқ ноиби Президенти ИМА Ал Гор маърӯзачии асосӣ аст.

Маълумотнома: «Помир Энерҷӣ» - лоиҳаи  якҷояи Ҳукумати Тоҷикистон, Ташкилоти Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (ФАХЭР), Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ (IFC) ва Агентии Швейтсария оид ба рушди байналхалқӣ мебошад. Арзиши аввалаи лоиҳа қариб 26,5 млн. доллари ИМА дар давоми 15 соли фаъолияти Ширкати “Помир Энерҷӣ” ба 53, 3 млн. расонда шуд, ки аз он 12,3 млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввали фаъолияти нахустин шарикии давлат ва бахши хусусӣ тариқи шарикони рушд, аз он ҷумла Ҳукумати Швейтсария (SECO) барои ҳифзи иҷтимоии аҳолии ВМКБ 7,7 млн. доллари ИМА ҷудо намуд. Дар айни замон дар фасли зимистон 68%-и аҳолии вилоят аз ин кумаки иҷтимоӣ бархӯрдор аст, ки ин идомаи иҷрои яке аз вазифаҳо оид ба таъмин намудани қувваи барқи дастрас барои қисми камбизоати аҳолии ВМКБ мебошад.